Полиси Теҳрон гуфт, ки барои талоши фурӯши атфоли навзод тавассути шабакаи иҷтимоии Инстаграм се нафар боздошт шудааст. Раиси полиси Теҳрон Ҳусейн Раҳимӣ рӯзи 23 июн гуфт, ки се нафарро ҳангоме боздошт карданд, ки дар даст як кӯдаки бистрӯза ва ду тифли думоҳа доштанд. Гумонбарон гуфтанд, ки ин кӯдаконро бо “пули ночиз” аз оилаҳои нодор ба даст оварданд. Полис гуфт, ки кӯдакон ба як муассисаи давлатӣ барои нигоҳубин дода шуданд ва кор дар самти маълум кардани волидони онҳо шурӯъ шудааст. Раҳимӣ гуфт, ки ба полис шикояти зиёд аз фурӯши кӯдакон тавассути шабакаи иҷтимоӣ ворид шудааст. Дар оғози соли ҷорӣ полис гуфт, ки як шабакаи фурӯши кӯдаконро дар вилояти Гургон боздошт кардааст. Чор зан ва як мард дар он муттаҳам шуданд, ки хароҷоти таваллуд дар зоишгоҳи занони нодорро пардохт карда навзодҳоро азхуд мекарданд.
Боздошти се нафар барои талоши фурӯши кӯдак тавассути Инстаграм дар Эрон
