Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар остонаи раъйдиҳии конститутсионӣ Путин андозро боло бурд


Владимир Путин, президенти Русия дар охирин муроҷиати телевизиониаш ба мардум рӯзи 23 июн аз қароргоҳаш дар Ново-Огарево сӯҳбат мекард
Владимир Путин, президенти Русия дар охирин муроҷиати телевизиониаш ба мардум рӯзи 23 июн аз қароргоҳаш дар Ново-Огарево сӯҳбат мекард

Президенти Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки барои муқобила бо паёмадҳои коронавирус барои шаҳрвандони дарёфткунандаи даромади зиёд шурӯъ аз соли оянда андоз ё молиёти баланд таъин мешавад. Изҳороти Путин рӯзи 23 июн, як ҳафта пеш аз овоздиҳӣ дар раъйдиҳии тағйироти конститутсонӣ тавассути як муроҷиати телевизионӣ садо дод. Тағйироти конститутсионӣ барои Путин имкони то соли 2036 дар сари қудрат монданро фароҳам мекунад. Президент пешниҳод кард, ки аз 1 январи соли 2021 барои нафароне бо даромади солонаи беш аз 5 миллион рубл ё 72 ҳазору 700 доллар мизони андоз 2%, яъне то сатҳи 15% афзоиш дода шавад. Чунин болобарии андозҳо ба буҷаи давлатӣ 60 миллиард рубл ё 864,6 миллион доллар ворид хоҳад кард. Путин гуфт, ки даромад аз андоз барои муолиҷаи “бемориҳои сангини кӯдакон” равона мешавад. Ҳаҷми андози ҳоло амалкунанда дар ҳаҷми 13 % соли 2001 дар давраи аввали президентии Путин ҷорӣ шуда буд. Путин дар ин суханрониаш тамдиди ёриҳо ба оилаҳои ниёзмандро ваъда дод, ки дар давраи пандемия ҷорӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG