Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз корфармоҳои қазоқ хостанд, аз коргарон ташхиси коронавирус талаб накунанд


Яке аз бемористонҳои шаҳри Алмато.
Яке аз бемористонҳои шаҳри Алмато.

Сартабиби беҳдоштии Қазоқистон Айжан Есмагамбетова рӯзи 23 июн дар муроҷиат ба корфармоён гуфт, ки аз коргарон гузаштан аз ташхиси коронавирусро талаб накунанд. Ба гуфтаи вай, ин талаб кори озмоишгоҳҳоро душвор ва "дастрасӣ ба дастгоҳҳои ташхис"-ро мушкил мекунад.

Есмагамбетова гуфт, дар навбати аввал бояд касоне аз ташхис гузаранд, ки табибон тавсия додаанд. Корфармоён бояд бехатарии коргаронро тавассути риояи фосилаи иҷтимоӣ дар коргоҳ, санҷиши ҳарорат ва пӯшидани ниқоб таъмин кунанд.

"Имрӯзҳо мутаассифона, тақрибан ҳамаи корфармоён, чи давлатӣ ва чи хусусӣ аз коргарон гузаштан аз ташхисро талаб мекунанд", - гуфт вай.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти беҳдоштии Қазоқистон аз камбуди василаҳои ташхис хабар медиҳанд.

Маркази миллии ҳифзи сиҳатии вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, дар ин кишвар дар маҷмуъ то имрӯз 1,37 миллион ташхиси коронавирус анҷом шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 28,8 ҳазор ҳолати гирифторӣ ва 127 ҳолати марг аз вируси корона сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG