Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ронандае, ки боис ба марги Фаррух Ғозиеви 13-сола шуд


Акси Фаррух Ғозиевро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Акси Фаррух Ғозиевро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ронандаеро, ки дар ҳолати мастӣ дар ноҳияи Фархор садама кард ва боис ба ҳалокати навраси 13-сола Фаррух Ғозиев шуд, дастгир карданд. Аз ӯ Аскарҷон Бухориеви 41-сола ва молики мошини "Опел-Астра" ном бурда мешавад.

Пайвандони Фаррух Ғозиев мегӯянд, ҳодиса 20-уми июн рух дод ва танҳо баъд аз пойфишории онҳо ронанда дастгир шуд. Ба иддаои онҳо, дар дохили мошине, ки садама кард, "як маъмури милиса ҳам будааст" ва гӯё дар оғоз кӯшиш кардааст ҳодисаро пинҳон кунад.

Яке аз наздикони навраси фавтида рӯзи 23-юми июн нақл кард, ки "маъмури милиса то вақти ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурдани муттаҳамон гуфтааст, Фаррухро мошини дигар зад. Вақте ҷиддӣ таҳқиқ мекунанд, гуфтааст, мусофир будам ва намедонам чӣ шуд."

Назари ҷониби дигар дастрас нест. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар изҳороти расмияш дар 22-юми июн ба ин паҳлӯи масъала дахл накарда, вале гуфтааст, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Манобеъ мегӯянд, парвандаро Додситонии ноҳияи Фархор тафтиш мекунад.

Наздикони Фаррух Ғозиев ҳамчунон аз он норозиянд, ки баъд садама наврасро зуд ба бемористон набурда, то замони расидани онҳо мунтазир истодаанд.

Зеваршоҳ Ғозиев, амаки Фаррух Ғозиев, дар Фейсбук навишт, додарзодаашро бо мошин зада, "50 метр дур партофтаанд".

Дар чанд соли гузашта садамаҳои маргбор дар матбуоти мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ ва интиқод мешавад. Аксар матбуоти мустақил аз “об хушк” баромадани омилони садамаҳои пурфоҷиаро фаъолона баррасӣ мекунанд.

Тарзи ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои Тоҷикистон яке аз масоили доимии мавриди интиқод дар забони мардум, мақомот ва матбуот аст. Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо – ҳаракат бо суръати баланд, риоя нашудани қоидаи ронандагӣ, мастӣ, надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ номбар мешаванд.

XS
SM
MD
LG