Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифои Вилан: Зерҳимояаш ба умеди табдили зиндониҳо бозбинии ҳукмро талаб намекунад


Пол Вилан (аз чап), Виктор Бут (дар марказ) ва Константин Ярошенко
Пол Вилан (аз чап), Виктор Бут (дар марказ) ва Константин Ярошенко

Вакили дифои собиқ сарбози нирӯҳои баҳрии ИМА, ки ҳафтаи гузашта бо ҷурми ҷосусӣ дар Русия маҳкум шуд, бозбинии ҳукмашро талаб намекунад, чун ба адолати низоми додгустарии ин кишвар бовар надорад. Оҷонсии Интерфакс дар нақли қавл аз Владимир Жеребенков рӯзи 23 июн гуфт, ки Пол Вилан ба он умед дорад, ки дар муомилаҳои табдили зиндониҳои Вашингтону Маскав иштирок хоҳад кард. Жеребенков гуфт: “Имрӯз мо бо ӯ дар боздоштгоҳ мулоқот кардем ва баъди баҳсу баррасиҳо қарор ин шуд, ки ӯ бозбинии ҳукмашро талаб намекунад, чун ба низоми додгустарии Русия эътимод надорад”. Ӯ афзуд, ки Вилан умедвор аст дар фурсати наздик бо русҳои дар ИМА маҳкумшуда табдил мешавад. Гузоришҳои матбуотӣ ҳокӣ аз он аст, ки мақомоти Русия ва ИМА эҳтимоли табодули Виланро бо ду шаҳрванди Русия - Виктор Бут ва Константин Ярошенко баррасӣ мекунанд. Ин ду зиндонӣ ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG