Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар маъракаи бахшида ба 75-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ ба Маскав рафтааст. Дафтари матбуотии президент мегӯяд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчӣ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва вазири дифоъ ҳамроҳӣ мекунанд.
Гузашти низомӣ дар шаҳри Маскав рӯзи 24-уми июн сурат мегирад, чун онро ба далели густариши коронавируси нав аз 9-уми май ба таъхир андохтанд.
Дар остонаи сафари раиси ҷумҳур ба Маскав бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, бо муҳоҷирони, ба гуфтаи онҳо, воқеӣ мулоқот кунад.
Ҳанӯз барномаи сафари раиси ҷумҳур ба Маскав эълон нашудааст ва маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон бо муҳоҷирон мулоқот мекунад, ё не.