Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Болтон ба равобити Трампу Путин баҳо дод


Августи соли 2019, Ҷон Болтон зимни боздид аз Беларус
Августи соли 2019, Ҷон Болтон зимни боздид аз Беларус

Собиқ мушовири президенти ИМА Ҷон Болтон дар остонаи нашри китобе, ки Вашинтонро нороҳат кардааст, дар сӯҳбат бо АВС ба равобити Доналд Трамп бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ва сиёсати маъмурияти Кохи Сафед дар нисбати Маскав баҳогузорӣ кард. Болтон гуфт, мушкили маъмурияти ИМА ин аст, ки дар қиболи Русия сиёсати мушаххасе надорад. Болтон гуфтааст, чанд иқдоме, ки дар гузашта карда шуд, дуруст буд. Ин – хориҷ шудан аз созиши коҳиши силоҳҳои кӯтоҳ ва миёнапарвоз ва таҳрими Русия, вале, ба таъкиди Болтон, дар пушти ин тасмимҳо хаттимаши муайяни сиёсӣ дида намешавад.

Болтон шахсан Трампро ба шиддат интиқод карда ба президенти Русия Владимир Путин баҳои баланд додааст. Болтон гуфт, ки президенти Русия дар симои Трамп “рақиби ҷиддӣ” намебинад ва “бо ӯ мисле, ки дар ғижжак бозӣ мекарда бошад”, муносибат мекунад.

Вале бо зикри ин андеша, Болтон мисоли мушаххасе надод. Ӯ гуфт, ки дар мулоқоти як ба яки Трампу Путин дар Ҳелсинки чизе, ки битавонад бар зарари ИМА анҷом шавад, рух надод. Вале Болтон сӯҳбатҳои Трамп дар нишасти матбуотии баъди онро танқид кард.

Болтон аз Путин ба унвони як “сиёсатмадори донову қотеъ” ёд кард, ки ихтилофҳои мавҷуда дар ИМА-ро ба манфиати худ истифода мекунад. Айни замон ӯ гуфт, ки ба ин андеша нест, ки Путин шахсан Трампро дастгирӣ мекунад. Болтон гуфт, ки дар маъмурияти президенти ИМА дар бораи фишору таҳримҳо нисбати Русия назарҳои мухталиф вуҷуд дорад. Масалан, ба гуфтаи ӯ, вазири молия Стивен Мнучин мухолифи таҳримҳои шадид мебошад.

Қарор аст рӯзи сешанбе фурӯши расмии хотираҳои Ҷон Болтон аз кораш ба ҳайси мушовири амнияти миллӣ дар Кохи Сафед шурӯъ шавад. Маъмурияти Трамп бисёр талош кард, ки пеши роҳи чоп ва фурӯши китоб гирифта шавад, чун, ба гуфтаи мақомот, дар китоб маводи марбут ба сирри давлатӣ ҷой шудааст. Вале талошаш натиҷа надод. Пораҳои китоб аз қабл аз ҷониби бархе нашрияҳо чоп шуданд. Дар китобе бо 500 саҳифа Болтон талош кардааст, ки бесалоҳиятии Трампро ба намоиш гузорад. Болтон гуфтааст, ки дар интихоботи имсола на барои Трамп ва на барои рақиби демократи ӯ Ҷо Байден овоз намедиҳад.

Доналд Трамп дар навбати худ Болтонро интиқод карда ӯро дар бесалоҳиятӣ ва талоши ангехтани оташи ҷанг дар саросари ҷаҳон гунаҳгор кард. Мақомдорони Кохи сафед Болтонро дар дурӯғгӯӣ гунаҳгор мекунанд. Питер Наварро, мушовири Кохи сафед дар умури тиҷорат рӯзи якшанбе гуфт, ки замони мулоқоти Трамп ва раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин дар дохили ҳамон хона буд ва нашунид, ки Трамп гӯё аз Ҷинпин дар интихоби дуборааш кӯмак хоста бошад. Ин иддаоро Болтон дар китобаш нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG