Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди пирӯзӣ дар интихобот президенти Сербия вориди талошҳои дипломатӣ мешавад


Президенти Сербия Алексадр Вучич баъди пирӯзии ҳизби ҳокимаш дар интихоботи рӯзи 21 июн, Белград
Президенти Сербия Алексадр Вучич баъди пирӯзии ҳизби ҳокимаш дар интихоботи рӯзи 21 июн, Белград

Президенти Сербия Алексадр Вучич баъди пирӯзии ҳизби ҳокимаш дар интихоботи рӯзи 21 июн дар пешорӯи ҳафтаи серташвиши музокираҳои дипломатӣ қарор дорад. Ҳизби пешрафтаи Сербия интизор дошт, ки 63 курсии маҷлисро аз худ кунад ва Вучич гуфт, ки ҳафтаи нав “хеле сангин хоҳад буд”. Қарор аст рӯзи 22 июн ба Белград намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба музокираи Сербияву Косово Мирослав Лайчак сафар кунад. Лайчак гуфт, ки имкони шахсан пазируфтани Лайчакро нахоҳад дошт, чунки рӯзи баъдаш ба Маскав ва аз он ҷо ба Брюссел, Вашингтон ва Словения меравад. Бар пояи натиҷаҳои интихобот ҳизби росту марказгарои Вучич давоми чор соли оянда сари қудрат хоҳад буд. Баъди он ки натиҷаҳои пешакии интихобот рӯзи 21 июн эълон шуданд, Вучич дар ситоди ҳизбӣ суханронӣ кард. Вай гуфт, ки ҳизби пешрафтаи Сербия “эътимоди зиёди мардумро” ба даст овард. Интихоботи ахир дар ҳоле баргузор шуд, ки талошҳои байналмилалии азсаргирии музокирот бо Косово аз сар гирифта шудаанд. Косово як вилояти албанитабор аст, ки Белград истиқлолияти онро эътироф намекунад.

XS
SM
MD
LG