Қирғизистон 21 июн тавассути як парвози махсус 431 шаҳрванди худро аз шаҳри Москва ба ватан баргардонд.
Ба иттилои ситоди ҷумҳурявӣ, бо ин парвоз заноне баргардонида шуданд, ки дар моҳи охири ҳомиладорӣ ҳастанд ё кӯдаки то 2-сола доранд. Ҳамчунин қирғизистониҳои бемори вазнин ҳам ба ҳавопаймо роҳ ёфтаанд.
Ҳамаи шаҳрвандони баргашта аз ташхиси тиббӣ гузашта, ба карантин фаро гирифта шуданд.
Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон афзудааст, ки ҷустуҷӯи роҳҳои дигар барои баргардонидани шаҳрвандони дармонда дар хориҷ идома дорад.