Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду нафари дигар бар асари мубталошавӣ ба коронавирус ҷон бохтанд.
Ҳамин тариқ шумори умумии фавтидаҳо аз коронавирус дар Алмато ба 20 расид. Аз нигоҳи шумораи ҳолатҳои марг шаҳри Нурсултони Қазоқистон дар мақоми аввал қарор дошта, то ҳол 32 сокини он ҷон бохтаанд.
Бино ба иттилои расмӣ, давоми як ҳафта дар Қазоқистон 47 кас бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Дар маҷмӯъ дар ин кишвар 120 ҳолати марг бар асари КОВИД-19 расман ба қайд гирифта шудааст.
Даҳҳо фавтидаи дигар, ки натиҷаи санҷишашон мусбат баромада буд, ба рӯйхати умумӣ роҳ наёфтанд. Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, сабаби марги ин афрод на вирус, балки бемориҳои дигар буд.
Дар Қазоқистон шумораи гирифторони коронавирус аз 26 ҳазор гузашт.