Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин тарҳи қонуни баҳсбарангезро дигарбора баррасӣ мекунад


Порлумони Чин моҳи май низ қонуне дар бораи амнияти Ҳонг Конг қабул кард.
Порлумони Чин моҳи май низ қонуне дар бораи амнияти Ҳонг Конг қабул кард.

Бино ба гузоришҳо, як ниҳоди аслии қонунгузори Чин барои баррасии тарҳи қонуни нави амниятӣ барои Ҳонг Конг дуввумин ҷаласаи худро дар як ҳафтаи ахир баргузор мекунад. Хабаргузории давлатии “Синхуа” рӯзи 21-уми июн навишт, ки ҷаласаи серӯзаи Кумитаи доимии Маҷлиси Миллии Чин рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Пекин оғоз мешавад.

Ҷузъиёти тарҳи мазкурро аз ин пештар нашр карданд ва дар он омадааст, ки санад бояд ҷойи Қонуни бунёдии Ҳонг Конгро бигирад. Дар тарҳ гуфта шудааст, ки дар Ҳонг Конг бояд пулиси нав таъсис дода шавад, ки “ҷудоиталабӣ, вожгун кардани ҳокимият, фаъолиятҳои террористӣ, ҳамдастӣ бо нерӯҳои хориҷӣ барои ба хатар андохтани амнияти миллӣ”- ро ҳадаф бигирад.

Дар Ҳонг Конг, ки қаламрави Чин буд ва то соли 1997 аз тарафи Бритониё идора мешуд, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки қонуни мазкур онҳоро аз демократия ва озодиҳое, ки то ҳол доштанд, маҳрум мекунад.

XS
SM
MD
LG