Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон гуфт, аз шунидани бемории Назарбоев "нигарон шудааст"


Раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон дар Арабистони Саудӣ, соли 2017
Раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон дар Арабистони Саудӣ, соли 2017

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз эълони ба коронавирус гирифтор шудани Нурсултон Назарбоев рӯзи 19-уми июн ба президенти нахустини Қазоқистон нома фиристода ва ба ӯ "шифои ҳарчи зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некӯаҳволӣ" хостааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "бо эҳсоси нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам." Матни номаро хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард. Сомонаи расмии Назарбоев 18-уми июн навишт, ки ӯ ба коронавируси нав гирифтор шудааст. Вай дар соли 1991 дар Қазоқистон ба қудрат расид ва моҳи марти соли гузашта, баъди қариб 30 соли роҳбарӣ, аз мақом канор рафт, аммо ба ҳайси раиси доимии Шӯрои амният ва раиси Ҳизби Нур Отан нуфузи худро ҳифз кард. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо гуфтаанд, ки Нурсултон Назарбоев таҳаммули дигарандешонро надорад ва ҳуқуқу озодиҳои сокинонро поймол мекунад.​

XS
SM
MD
LG