Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар як шабонарӯзи гузашта гирифтории 59 кас ба коронавируси нав тасдиқ шудааст.
Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел то 19-уми июн 5338 нафар ба COVID-19 мубтало шуда, 3830 тан ё беш аз 71 дарсади беморон шифо ёфтаанд. 51 нафар фавтидаанд.
Дар феҳрасти алтернативии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 14-уми июн номи 437 нафарро навиштаанд. Ба феҳраст дар панҷ рӯзи охир ҳеч ном ворид нашудааст.
Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон кишвари чаҳоруми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. Мақомот то он замон афзоиши беморон ва марги пайиҳами сокинонро ба илтиҳоби шуш рабт медоданд.
Омори рӯзонаи мақомоти Тоҷикистон дар бораи беморони COVID-19 дар ду ҳафтаи ахир рӯ ба поён аст. Баъзе аз бемористонҳо эълон карданд, ки ба фаъолияти маъмулӣ баргаштанд.
Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июн гуфтанд, "дар шифохонаҳои саросари кишвар 180 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд". Аммо мутахассисон ва бисёриҳо мегӯянд, миқёси бемории СОVID-19 дар Тоҷикистон зиёд аст ва мақомот ҳақиқатро дар бораи беморӣ пинҳон медоранд.
Бархе аз сокинон мегӯянд, баъзе аз беморон дар хонаҳои худ муолиҷа мегиранд.
Қаблан намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳанӯз авҷи беморӣ паси сар нашудааст.
Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед