Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Никита Хрушев дар ИМА даргузашт


Профессор Сергей Хрушев соли 1999 шаҳрванди ИМА шуд
Профессор Сергей Хрушев соли 1999 шаҳрванди ИМА шуд

Писари Никита Хрушев, собиқ котиби аввали ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Сергей Хрушев дар синни 85-солагӣ дар ИМА даргузашт. Радио Свобода бо такя ба абераи Хрушев мегӯяд, Сергей Хрушев дар донишгоҳи бонуфузи Брауни ИМА дарс медод. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи энергетикии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар замони зиндагиаш дар ватан дар коркарди мушакҳои баллистикӣ ва соҳаи кайҳоннавардӣ кор кардааст. Баъди соли 1991 ба Род Айленди Амрико кӯчида дар бораи падараш се ҷилд китоб нашр кард.

XS
SM
MD
LG