Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ҷазо барои хушунати хонаводагиро сангинтар мекунанд


Порлумони Қирғизистон.
Порлумони Қирғизистон.

Вакили порлумони Қирғизистон Исҳоқ Пирматов барои мубориза бо хушунати хонаводагӣ лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст. Ӯ 18 июн дар ҷаласаи порлумон ин лоиҳаро ба ҳамкоронаш муаррифӣ кард.

Дар лоиҳаи қонун, аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки гумонбарони хушунати хонаводагӣ ҳатто дар сурати созиш ва сулҳи ҷонибҳо низ аз ҷавобгарӣ набояд озод карда шаванд. Ҳамчунин ҷазо дар шакли ҷарима бардошта шуда, ҷалб ба корҳои ислоҳотӣ ва ҷамъиятӣ боқӣ бимонанд.

"Дар сурати супоридани ҷарима ҳам айбдоршаванда ва ҳам хонавода зарар мебинанд. Бинобар ин, пешниҳод кардем, ки ҷарима бардошта шавад ва танҳо айбдоршаванда ҷавоб бигӯяд", - изҳор дошт муаллиф.

Вакили порлумони Қирғизистон ҳамчунин хостааст, ки барои зарар расонидан ба аъзои хонавода низ дар бандҳои расонидани зарари ҷисмонии вазнин ва сабук бояд ҷазо таъйин шавад.

Ба иттилои вакил, танҳо дар се моҳи аввали соли равон дар Қирғизистон 2,5 ҳазор ҳолати хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 95 дарсади қурбониён занон ҳастанд.

Тибқи омори Вазорати умури дохилии Қирғизистон, соли 2019 дар ин кишвар беш аз 5 ҳазор ҳолати хушунати хонаводагӣ сабт шуда, танҳо дар робита ба 580 ҳолат парванда боз гаштааст.

XS
SM
MD
LG