Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар талоши пешгирӣ аз чопи китоби Болтон дар додгоҳи изтирорӣ аст


Болтон давоми 17 моҳ мушовири амнияти миллии ИМА буд ва тирамоҳи соли 2019 барканор шуд
Болтон давоми 17 моҳ мушовири амнияти миллии ИМА буд ва тирамоҳи соли 2019 барканор шуд

Вазорати адлияи ИМА дар як аризаи изтирорӣ аз додгоҳ хост, ки нашри китоби нави собиқ мушовири амнияти миллӣ Ҷон Болтон боздошта шавад. Аризаи изтирории рӯзи 17 июн дуюмин дархости маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп аз додгоҳ дар ду рӯзи гузашта мебошад. Кохи Сафед гуфтааст, ки китоби Ҷон Болтон асрори махфиро фош ва амнияти миллиро таҳти хатар қарор медиҳад. Ариза баъди он ирсол шуд, ки бархе нуқоти китоби Болтон нашр гардид ва бар асоси онҳо, аз ҷумла, Болтон иддао мекунад, ки Трамп аз президенти Чин Сӣ Ҷинпин барои интихоби дуборааш дар мақоми президентӣ кӯмак хоста, сохтмони қароргоҳҳо барои нигаҳдошти уйғурҳо дар Чинро шифоҳӣ пуштибонӣ карда буд. Трамп дар мусоҳиба бо Wall Street Journal Болтонро “як дурӯғгӯ” номид. Болтон рӯзи 17 июн дар посух ба саволи марбут ба равобити Трамп ва президенти Русия Владимир Путин гуфт, дар ҳоле, ки Трамп худро ба ҳайси як муомилагари моҳир намоиш медиҳад, Путин “мебинад, ки дар ин ҷо бо як рақиби пурқудрате рӯбарӯ нест ва рӯи ӯ кор мекунад, рӯи ӯ кор мекунад ва рӯи ӯ кор мекунад... Фикр накунам, ки ӯ парвои Доналд Трамп дошта бошад”. Дар мусоҳибаи ҷудогона бо Fox News Трамп гуфт, ки Болтон қонунро вайрон кард ва ба китобаш маводи фавқулодда махфиро ҷой дод.

XS
SM
MD
LG