Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 15 сол зиндон барои Алмосбек Отамбоев


Алмосбек Отамбоев.
Алмосбек Отамбоев.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев 15 соли зиндон талаб кард.

"Дар мурофиаи имрӯза додситон айбномаи пешинро қироат карда, барои Отамбоев 15 соли зиндон, мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз мукофотҳои давлатиро талаб кард", - изҳор дошт вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Замир Жоошев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озод дар Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек.

Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, додгоҳ то 18 июн ҳукми худро эълом кунад.

Дар доираи парвандаи мазкур 19 нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Парвандаи чаҳор нафар, аз ҷумла Алмосбек Отамбоев алоҳида баррасӣ мешавад. 14 гумонбар барои ҳамкорӣ бо муфаттишон розӣ шудаанд.

Азиз Батукаев соли 2013 бар асоси хулосаи табибон, ки гӯё бемории табобатнашаванда дорад, аз зиндони Қирғизистон пеш аз муҳлат озод шуд. Ӯ худи он рӯз ба Бишкек интиқол ёфта, аз фурудгоҳи "Манас" ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз кард.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон соли 2019 тафтиши қазияро аз сар гирифта, зидди Отамбоев, додситони кулли пешини Қирғизистон Индира Ҷолдубоева ва як қатор мансабдорони пешини дигар айб эълом кард.

XS
SM
MD
LG