Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Ҳинд гуфтанд, дар задухӯрди марзӣ бо Чин се сарҳадбони ҳиндӣ кушта шуд


Марзи Ҳинду Чин дар харита
Марзи Ҳинду Чин дар харита

Низомиёни Ҳинд гуфтанд, ки дар як задухӯрди хушунатомез бо марзбонҳои Чин дар гузаргоҳи баҳсии Ҳимолой се сарбоз, аз ҷумла як афсари баландпояи ҳиндӣ кушта шуданд. Айни замон Чин Ҳиндро дар убури қаламрави баҳсии марз гунаҳгор кард. Ҳодиса рӯзи 15 июн дар водии Галвани Ладахш рух дод. Ин минтақа ҳафтаҳои ахир макони ихтилофҳои миёни ду ҷониб будааст. Намояндагони низомии ҳарду ҷониб барои паст кардани шиддати низоъ мулоқот мекунанд. Дар ин бора сухангӯи артиши Ҳинд полковник Амон Ананд хабар дод. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин Жао Лиян гуфт, ки нирӯҳои ҳиндӣ хати марзро ду дафъа нақз карда “низомиёни чиниро барои ҳамла таҳрик доданд, дар натиҷа дар байни марзбонони ду кишвар ихтилофҳои ҷиддии ҷисмонӣ рух дод”.

XS
SM
MD
LG