Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Гирифтории 62 нафари дигар ба коронавирус тасдиқ шудааст

Шаҳри Хуҷанд, моҳи июни 2020

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 62 нафари дигар ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Бино ба иттилои расмӣ, бемории COVID-19 то 15-уми июн ба 5097 нафар дар Тоҷикистон сироят кардааст. 3503 кас ё 68,7 дарсади беморон шифо ёфта, 50 нафар фавтидаанд. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативӣ дар Интернет теъдоди қурбониёни эҳтимолии бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон беш аз 430 кас ҳисоб шудааст. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд. Аммо он чи омори расмиро зери шубҳа мегузорад, нашри хабари даргузашти ин ё он нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наздикону дӯстонашон аст. Пайвандони фавтидагон бовар доранд, онҳо аз бемории ҳамагир ҷон бохтаанд, чун зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн шудаанд.

Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Вазири қазоқ тақвияти танга дар баробари долларро "воқеӣ" номид

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Алибек Куантиров 25 май гуфт, қурби танга, ки чанд рӯзи ахир дар баробари доллари амрико боло меравад, "воқеӣ" аст.

Ба гуфтаи ӯ, қурби долларро дар моҳҳои февралу марти имсол дар Қазоқистон чанд омил, аз ҷумла афзоиши якбораи талабот ба он, ҳам аз тарафи сокинон ва ҳам тоҷирон боло бурд.

"Сипас вазъ муътадил шуд ва тавре мебинем, ҳоло вазъ беҳтар гаштааст", - изҳор дошт вазири қазоқ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ва Бонки миллии Қазоқистон барои устувор гардонидани иқтисоди он кишвар ҳамаи талошҳоро анҷом медиҳанд.

Қурби доллар моҳи марти соли равон дар Қазоқистон то ба 510 танга боло рафта буд. Дирӯз, 25 май қурби расмии он дар Қазоқистон то ба 415,12 танга поин оварда шуд.

Боздошти Наргис Зокирова дар фурудгоҳи Маскав рад шуд

Наргис Зокирова.

Сергей Савин, намояндаи сароянда Наргис Зокирова дар суҳбат бо расонаи "Teleprogramma.pro" хабари боздошти овозхонро дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Москва рад кард.

"Ин хабар дуруғ аст. Ӯ дар Узбекистон мебошад", - гуфтааст вай.

Пештар баъзе аз расонаҳо хабар дода буданд, ки Зокироваро гӯиё дар фурудгоҳи Москва боздошт карданд ва эҳтимол аст, ӯро ба Узбекистон ихроҷ кунанд.

Зокирова баъди оғози ҷанг дар Украина Русияро тарк карда, ҳамроҳи хонаводааш ба Узбекистон баргашт. Ҳамчунин ӯ Русияро барои ҳамла ба Украина сахт танқид кард.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар беморхона бистарӣ шуд

Алмосбек Отамбоев.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки дар маҳбаси рақами №27 нигаҳдорӣ мешуд, ба Маркази миллии бемориҳои дили шаҳри Бишкек интиқол дода шудааст.

Вакили дифои ӯ Замир Зоошев гуфт, додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек 25 май дархости онҳоро барои бистарӣ кардани шахси зери ҳимояаш қонеъ кард. "Як моҳ сипарӣ шуд ва имрӯз вайро ба Маркази миллии бемориҳои дил интиқол доданд", - афзуд вакили дифоъ.

Писари президенти пешини Қирғизистон Қодир Отамбоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз бемории сутунмуҳра, дил ва меъда ранҷ мебарад.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай моҳи июни соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани маҳбус Азиз Батукаев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. 30 ноябри соли 2020 Додгоҳ олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод.

Нисбати Отамбоев чанд парвандаи дигар, аз ҷумла ташкили беназмиҳои оммавӣ, хушунат нисбати корманди мақомоти давлатӣ, фасодкорӣ ва ғайра кушода шудааст.

Қаторҳои мусофирбар миёни Қирғизистону Русия ба гардиш медароянд

Роҳи оҳани Қирғизистон. Бишкек

"Роҳи оҳани Қирғизистон" хабар дод, ки қаторҳои мусофирбар аз ин кишвар ба Русия ба гардиш медароянд. Гардиши қаторҳо баҳори соли 2020, дар пайи хуруҷи вабои коронавирус қатъ шуда буд.

Қаторҳои мусофирбар аз 6-уми июн ҳафтае як маротиба аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Қазон, аз 8-уми июн ду дафъа дар ҳафта аз Бишкек ба Самара, аз 9-уми июн як бор дар 8 рӯз аз Бишкек ба Новосибирски Русия ҳаракат мекунанд.

Расонаҳо моҳи феврали имсол хабар доданд, ки Қирғизистон бо Қазоқистон дар мавриди ба роҳ мондани гардиши қаторҳо ба созиш расидааст.

Дар ҳамин ҳол, "Роҳи оҳани Қирғизистон" хабар дод, ки гардиши қаторҳо аз ин кишвар ба шаҳри Маскав эҳтимол дар соли 2023 ба роҳ монда шавад.

Қирғизистон сӯзишвории Русияро бо рубл мехарад

Бештари ширкатҳои таъминкунандаи нафти Қирғизистон хариди сӯзишвории Русияро бо рубли русӣ шуруъ карданд. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 25-уми май Кенешбой Тайлоқов, раиси хадамоти зиддимонополии он кишвар хабар дод.

Вакилони порлумон Достон Бекешев суол кард, ки чаро бо поин рафтани қурби доллар арзиши маводи сӯхт дар Қирғизистон поин намеравад. Тайлоқов дар посух гуфт, воридкунандагони маводи сӯхт онро бо рубли русӣ мехаранд.

"Дар ҳоли ҳозир 70 дарсади воридкунандагони сӯзишворӣ онро бо рубл мехаранд. Ин тағйирот 20 рӯз пеш сурат гирифт," -- гуфт вай.

Дар Қирғизистон дар як соли охир арзиши маводи сӯхт якбора боло рафт. Як литр бензини навъи АИ92 соли пеш 49,4 сом буд, ҳоло ба 62,9 сом расидааст.

Қирғизистон ҳамасола бештар аз 1 миллион тонна маводи сӯхт истифода мекунад. Тақрибан ҳамаи ин сӯишвориро аз Русия меоранд.

Талаби сахттар аз русҳое, ки дар Қазоқистон суратҳисоб мекушоянд

Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои корбарони интернет, бонкҳои қазоқистонӣ тартиби дарёфти кортҳои бонкиро барои шаҳрвандони Русия сахттар карданд.

Дар баъзе аз бонкҳо аз шаҳрвандони Русия санад аз ҷойи кор ва ҳаққи истиқомат дар Қазоқистон талаб карда мешавад.

Телевизиони КТК-и Қазоқистон дар як гузориш хабар дод, ки бонкҳо эҳтимоли шомили рӯйхати таҳримҳо шуданро ба эътибор гирифта, чунин талабҳоро барои шаҳрвандони Русия пеш гузоштаанд.

Як шаҳрванди Русия дар Қазоқистон, ки барои дарёфти корти бонкӣ омадааст, дар суҳбат бо рӯзноманигорон нақл кард, "барои корти бонкӣ ё шартномаи меҳнатӣ даркор аст ё санад аз ҷойи кор".

Дар Бонки миллии Қазоқистон хабар доданд, ки дар қонун меъёри талаби шартномаи меҳнатӣ ва ё ҳаққи истиқомат аз шаҳрвандони хориҷӣ мавҷуд нест.

Баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ низоми пардохти Visa ва Mastercard фаъолияташонро дар бонкҳои Русия қатъ карданд.

Аз 10-уми март ин ду низоми пардохт фаъолияти кортҳоеро қатъ карданд, ки аз сӯи бонкҳои Русия дода шудаанд. Ин боис шуд, бештари шаҳрвандони Русия барои дарёфти корти Visa ва Mastercard ба Қазоқистон оянд.

Эълони "афв"-и вобаста ба COVID-19 дар Маскав

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, "афви ковид" эълон кард.

Собянин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, мақомоти Маскав ҷаримаҳоеро нахоҳанд ситонид, ки барои вайрон кардани маҳдудиятҳои вабои ковид таъйин шуда буданд.

"Ҷаримаҳои маъмурӣ дар ҳалли масъалаи наҷоти саломатӣ ва ҳаёти сокинони шаҳр нақши барҷаста доштанд, барои мубориза бо ковид мусоидат карданд. Имрӯз ин хатар рафъ шуд. Ҳоло - хатарҳо ва мушкилоти дигар аст. Мо уфти воқеии даромади мардумро мебинем. Аз ҳамин хотир, тасмим гирифтам, авфи ковид эълон кунам," -- омадааст дар хабари шаҳрдори Маскав.

Вай илова кардааст, ин тасмим "бо ҳадафи коҳиши оқибатҳои фишори таҳримҳо" гирифта шудааст.

Афв аз 1-уми июни имсол ба иҷро медарояд. Ҳамчунин, ба сокинон маблағи ҷаримаҳоеро бармегардонанд, ки онҳо пардохта буданд.

Бештари маҳдудиятҳои марбут ба вабои коронавирус дар Маскав охири моҳи феврал ва аввали моҳи март бардошта шуданд.

Дар як рӯзи охир дар Маскав 172 ҳолати нави гирифторӣ ва 15 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст. Дар маҷмуъ дар он шаҳр бештар аз 2,5 миллион ҳолати гирифторӣ сабт гардидааст.

Деҳқонҳои туркманро маҷбур кардаанд, гандуми нопухтаро ҷамъ биоранд

Туркманистон дар ибтидои моҳи июн мавсими ҷамъоварии ҳосили гандумро расман оғоз мекунад.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки дар баъзе аз киштзорҳои вилояти Марии он кишвар аллакай дарави гандум шуруъ шудааст.

"Баъзе аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Мурғоби Марӣ дарави гандумро оғоз кардаанд," -- иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Кишоварзони маҳаллӣ мегӯянд, барои дарави гандум ҳанӯз вақт ҳаст ва он ҳоло нарасидааст. Деҳқонҳо гуфтанд, мақомот онҳоро маҷбур мекунанд, ки ҷамъоварии ҳосили гандумро оғоз намоянд.

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов 13-уми май эълон кард, ки барои ҷамъоварии ҳосили гандум дар соли равон комиссияи давлатӣ ташкил карда шудааст.

Вазорат гуфт, "дар Тоҷикистон сурхакони маймун нест"

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба вируси сурхакони маймун сабт нашуд, вале корҳои фаҳмондадиҳиро дар бораи беморӣ шуруъ карданд.

То кунун беш аз 100 мавриди гирифторӣ ба вирус дар чанд кишвари ҷаҳон тасдиқ шудааст.

Мудири аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор дод, ки вируси "сурхакони маймун" метавонад, дар фасли тобистон дар минтақа афзоиш ёбад.

Олимон интизор надоранд, ки беморӣ ба монанди коронавируси нав ба пандемия табдил ёбад, зеро ба гуфтаи онҳо "зуду осон паҳн намешавад".

Нишонаҳои нахустини беморӣ, дарди сару мушакҳо, табларза ва сармохӯрдагӣ мебошад.

Русия аз як созишномаи вобаста ба нафақа берун шуд

Русия аз Созишномаи кафолати пардохтани нафақа барои шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) берун шуд.

Қонун дар ин бора 24-уми май дар Думаи давлатӣ қабул гардид.

Тибқи ин санад, Русия дигар ба шаҳрвандони Шӯравии собиқ, ки дар давлатҳои ҳамсоя зиндагӣ мекунанд, нафақа намедиҳад.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати меҳнати Русия, аллакай бо аксарияти кишварҳои узви ИДМ созишномаҳои нави дуҷониба ё бисёрҷониба дар бораи нафақа ба имзо расидаанд.

Аз ҷумла, порлумони Тоҷикистон рӯзи 13-уми апрели имсол созишномаро бо Русия дар бораи нафақаи муҳоҷирон ба тасвиб расонд.

Бар пояи он муҳоҷирони тоҷике, ки ҳангоми кор дар Русия андози иҷтимоӣ месупоранд, дар вақти бознишастагӣ аз ин кишвар нафақа гирифта метавонанд.

Дар Русия мардони то 65-соларо ба хидмат дар артиш ҷалб хоҳанд кард

Сарбозони рус дар шарқи Украина

Думаи давлатӣ – палатаи поёнии порлумонии Русия тарҳи қонунеро тасдиқ кард, ки синни ниҳоии хидмати қарордодиро дар артиши ин кишвар боло мебарад.

Бар асоси ин тарҳ, ки рӯзи 25-уми май қабул шуд, мардони то 65-сола барои хидмат дар артиши Русия муносиб дониста мешаванд.

Ин меъёр ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳам дахл дорад, ки хостори хидмат дар артиши Русия ҳастанд. Қонунҳои амалкунанда синни ниҳоии хидматро дар артиши Русия то 40 ва барои хориҷиҳо то 30-солагӣ муайян кардааст.

Муаллифони тарҳи қонун гуфтанд, ин тағйирот барои ҷалби мутахассисони "шуғлҳои зарурӣ" ба мисли кормандони тиб ва муҳандисон мусоидат мекунад. Қонун дар ҳоле қабул шуд, ки баъд аз ҳуҷуми беасоси Русия ба Украина дар 24-уми феврали имсол ҷанг идома дорад.

Дар майдони ҷанг артиши Русия бо муқовимати сахти нерӯҳои украинӣ рӯбарӯ шудааст. Бисёре аз манобеи иттилоотии ғарбӣ мегӯянд, Маскав базудӣ ҷангро хотима медиҳад, чун талафоти ҷонии нерӯҳои русӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешаванд.

Русия омори охири талафотро ошкор намекунад ва бори охир 25-уми марти имсол гуфта буд, ки 1351 сарбозаш дар ҷангҳо кушта шуданд.

Баррасии амният ва ҳуқуқи башар дар музокироти ҳайатҳои Амрико ва Тоҷикистон

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Амрико. Шаҳри Душанбе, 25-уми майи 2022

Рӯзи 25-уми май дар шаҳри Душанбе гуфтугӯи ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Амрико баргузор шуд.

Дафтари матбуоти Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки ҳайати ин кишвар бо раҳбарии ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доланд Лу бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот ҳайати Тоҷикистонро Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, раҳбарӣ намуд.

Ба иттилои Сафорати Амрико дар Душанбе, ҷонибҳо пиромуни масоили амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқи башар суҳбат карданд. Тафсилоти бештари ин гуфтугӯ то ба ҳол дар даст нест. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар робита ба музокироти ҳайатҳо хабаре нашр накардааст.

Ба ҳайати амрикоӣ иҷрокунандаи вазифаи ёвари Котиби Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат Маурин Ҳаггард; мудири аршади Шӯрои амнияти миллӣ Эрик Грин; муовини ёвари Вазорати мудофиа Ребекка Зиммерман; муовини ёвари раёсати Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) оид ба Осиё Анҷали Каур ва муовини сардори раёсати Корпоратсияи молияи байналмилалии рушди ИМА Наз Ал-Хатиб шомил мебошанд.

Ҳайати амрикоӣ дар доираи сафари минтақаии худ, ки 23-юми май оғоз шудааст, ба Узбекистону Қазоқистон ҳам хоҳанд рафт. Онҳо аввал дар Қирғизистон буданд. Сафари онҳо дар Осиёи Марказӣ 27-уми май ба поён мерасад.

Дар назар аст, ин ҳайат ба иловаи мулоқоти расмӣ, бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дидор намоянд.

Нашри гузориш дар бораи шиканҷа шудани уйғурҳо дар Чин

Маркази бозтарбияи уйғурҳо дар Чин

Бунёди хотираи қурбониёни коммунизм дар Вашингтон ба шабакаҳои компютерии дохилии пулиси минтақаи худмухтори Шинҷони Чин дастрасӣ пайдо ва дар бораи шиканҷаи ақаллиятҳои уйғур дар "урдугоҳҳои бозтарбия" гузоришеро нашр кард.

Ин санад, ки "Асноди пулиси Шинҷон" номгузорӣ шудааст, даҳҳо ҳазор аксу наворро аз ҷараёни шиканҷа шудани ақаллияти қавмии минтақа дар бар мегирад.

Дар гузориши бунёд омадааст, раисҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин шахсан дастур додааст, ки "урдугоҳҳои бозтарбия" бо амнияти иловагӣ таъмин карда шаванд.

Бунёд иддао дорад, ки пойгоҳи додаҳои пулиси Шинҷон ҳамчунин нишон медиҳад, соли 2018 беш аз 12 дарсади аҳолии болиғ, асосан уйғурҳо дар "урдугоҳҳои бозтарбия" буданд.

Ба иддаои масъулони бунёд, аксу наворҳои дастрасшуда бори дигар собит карданд, ки "урдугоҳҳои бозтарбия" дар Шинҷон на "марказҳои бозомӯзӣ", балки зиндон ҳастанд.

Ба гузориши Bloomberg, Венг Венбин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфтааст, "ин як намунаи нави он аст, ки чӣ гуна нерӯҳои зиддичинӣ талош доранд, Пекинро бадном созанд".

“Санадҳои полиси Шинҷон”: уйғурҳо дар  “урдугоҳҳои” бозтарбия шиканҷа мешаванд

"Тамрине" дар як "урдугоҳ"-и бозтарбияи Шинҷон

Бунёди амрикоии ёдбуди хотираи қурбониҳои коммунизм дар Вашингтон ба шабакаҳои дохилии полиси вилояти Шинҷони Чин дастрасӣ пайдо кард ва баъди омӯзиши ин санадҳо гуфт, ки ин санадҳо аз шиканҷа шудани уйғурҳо дар “урдугоҳҳои” бозтарбия далолат мекунанд. Гузорише бо номи “Санадҳои полиси Шинҷон” даҳҳо ҳазор аксу видеодалелҳои хушунат дар нисбати сокинони бумии боздоштшударо ҷамъоварӣ кардааст. Аз ҷумла, саҳнаҳои рафтори бад бо маҳбусон ба ҳангоми тамрини ходимони полис ваё ба дасти маҳбусон завлода зада латукӯб кардани онҳо сабт шудаанд. Адриан Зентс, раиси шӯъбаи таҳқиқоти умури Чин дар Бунёди амрикоии ёдбуди хотираи қурбониҳои коммунизм санадҳои аз шабакаҳои полиси Шинҷон бадастомадаро воқеӣ арзёбӣ кард.

Дар изҳороти ин бунёд, аз ҷумла, омадааст, ки президенти Чин Си Ҷинпин шахсан амр додааст, ки ба урдугоҳҳои саркӯби уйғурҳо шумори бештари муҳофизон бурда шаванд. Ин созмон маълум кардааст, ки соли 2018 беш аз 12 дарсади сокинони калонсол ва аксар уйғуртабори кишвар дар “урдгоҳҳои бозарбия” нигаҳдорӣ шудаанд. “Санадҳои полиси Шинҷон” ошкор мекунанд, ки дар асл ин урдугоҳҳо зиндон мебошанд.

Дар вокуниш сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Венг Венбин гуфт, ки ин намунаи дигари “он аст, ки нирӯҳои зиддичинӣ дар талоши беобрӯ кардани кишвар ҳастанд”.

Соли 2021 котиби давлатии ИМА Майк Помпео таъқиби уйғурҳо дар Чинро геносид ё наслкушӣ номида буд.

Ба шаҳрвандони Русия дар Қазоқистон гирифтани кортҳои бонкӣ мушкилтар мешавад

Тибқи гузоришҳо, Бонкҳои Қазоқистон қоидаҳои додани кортҳои пулӣ барои шаҳрвандони Русияро сангинтар мекунанд. Ба иттилои Бахши қазоқии Радиои Озодӣ, назар ба дигар шаҳрвандон, талаботи пешкаши санадҳо барои кушодани корти бонкӣ барои шаҳрвандони Русия мушкилтар буда, аз онҳо маълумотномаи ҷои кор, ҳақи зист дар Қазоқистон ва дигар санадҳои иловагӣ талаб мешавад. Шабакаи ҷумҳуриявии телевизионии КТК гуфтааст, ки бонкҳо ҳарос доранд, ки дар сурати беназорат додани кортҳо ба шаҳрвандони Русия онҳо таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор мегиранд. Бонки миллии Қазоқистон гуфт, ки дар қонунҳои ин кишвар чунин талабот вуҷуд надорад, вале аз муштариҳо талаб кардани ин санадҳоро ғайриқонунӣ ҳам арзёбӣ намекунанд. Баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия дар Украина системаҳои пардохтии Visa ва Mastercard ҳамкорӣ бо бонкҳои русиро бас карданд. Баъди ин шумори зиёди шаҳрвандони Русия ба Қазоқистон рафтанд ва яке аз ҳадафҳои онҳо ин буд, ки барои анҷоми озоди амалиёти бонкӣ соҳиби сурат-ҳисоб ва корти бонкӣ шаванд. Рӯзи 8 апрел Оҷонсии танзим ва рушди бозори молии Қазоқистон гуфт, ки аз 24 -уми феврали соли 2022 дар бонкҳои Қазоқистон тахминан 12 ҳазор ҳисобҳои нави шахсони воқеӣ – сокинони Русия ва Беларус боз шудааст. Аввали ин ҳафта ҳамин ниҳод хабар дод, ки бо сабаби таҳримҳо 21,5 миллион доллар дар ҳисобҳои намояндагиҳои бонкҳои русӣ дар Қазоқистон масдуд шудааст.

Зеленский гуфт, Аврупо бояд дар муқобили Русия Украинаро ҳамаҷониба пуштибонӣ кунад

Президент Владимир Зеленский гуфт, ки Ғарб ва бахусус Аврупо бояд бештар муттаҳид шуда пуштибонии Украинаро дар муқобили ҷанги беасоси Русия афзоиш диҳанд. Зеленский, ки рӯзи 25-уми май дар як ҷаласаи Форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос (дар кишвари Швейсария) суханронӣ мекард, гуфт, ки аз кӯмакҳои моливу низомие, ки ба Украина барои муқовимат ба Русия фароҳам мешавад, сипосгузор аст, вале шикоф дар ваҳдати Аврупо талошҳо дар ҷангро маҳдуд мекунад. Зеленский инчунин гуфт, ки Киев ҳеҷ як порчаи заминашро ба Русия додан намехоҳад. Ӯ гуфт: “Ваҳдат ба силоҳ марбут аст. Ман пурсиданӣ ҳастам, ки ваҳдат дар амал ҳамин аст? Ман онро намебинам. Замоне, ки мо воқеан ҳам муттаҳид мешавем, он гоҳ мо аз Русия пеш мегузарем”.

Зеленский ба таври алоҳида аз кӯмакҳои ИМА ташаккур карду ба Венгрия ишора намуд, чун ин кишвари ҳамсояи Украина мухолифи ҳама гуна эмбаргои содироти нафти Русия ва ҳам фишори бештар ба Маскав мебошад.

Орбан дар робита бо ҷанги Украина дар Венгрия ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард

Виктор Орбан

Нахуствазири Венгрия Виктор Орбан дар кишвараш ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард ва гуфт, ки ҷанг дар Украина “ба амнияти мо таҳдид мекунад”. Орбан дар як паёми видеоиаш тавассути Фейсбук рӯзи 24-уми май гуфт, ки чанг се моҳ пеш шурӯъ шуд ва то ҳол касе намедонад, ки он кай охир мешавад. Ӯ гуфт, ҷанг дар Украина “ба маънои хатари доимӣ ба Венгрия” мебошад. Ӯ гуфт, ки ҷангу таҳримҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷоришуда боиси эҷоди мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва афзоиши нархҳо шудааст. Ӯ гуфт, дар чунин шароит Венгрия “бояд аз ҷанг дар канор бошад ва амнияти моддии оилаҳоро таъмин кунад”.

Мунаққидон қарори ҷорӣ кардани ҳолати изтирориро чун поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон интиқод карданд.

Бритониё ба Абрамович муҷаввизи фурӯши "Челси"-ро дод

Роман Абрамович

Ҳукумати Бритониё ба олигархи рус Роман Абарамович муҷаввизи фурӯши клуби футболи “Челси”-ро дар ҳаҷми 5,33 миллиард доллар дод ва ин бошгоҳ аз ҷониби як гурӯҳи сармоягузори амрикоӣ харидорӣ мешавад. Надин Доррис, вазири варзиши Бритониё дар изҳороти 24-уми маяш дар Твиттер гуфт, ки ҳукумат “қонеъ шуд, ки пулҳои аз фурӯш бадастомада ба манфиати Роман Абрамович ё дигар нафарони таҳти таҳрим сарф намешавад”. Ӯ гуфт, ки бо назардошти “ҳуҷуми пурхушунати Путин ба Украина, дурнамои клуб танҳо дар зери назари соҳибмулки нав таъмин хоҳад шуд”.

Абрамович давоми 19 сол молики клуби “Челси” буд ва чанд ҳафта баъди ҳуҷуми беасоси Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати олигархҳои атрофи президент Владимир Путин, ӯ ҳам мавриди таҳрими ғарб қарор гирифт.

Клуби “Челси” бар асоси муҷаввизи давлатӣ ба консорсиуми марбут ба соҳибкори амрикоӣ Тодд Боли фурӯхта мешавад ва пулаш ба корҳои хайрия равона хоҳад шуд.

Додгоҳи Алмато 4 гумонбарро ба ҳодисаҳои январ зиндонӣ кард

Алмато, моҳи январи 2022

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 24-уми май иттилоъ дод, ки чаҳор гумонбар ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон 6-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Ҳукми ин афрод, ки бар асоси банди "Ғоратгарӣ" гунаҳкор эълом шудаанд, ҳафтаи гузашта содир гаштааст. Ҷузъиёти дигари парванда ошкор карда намешавад.

Хадамоти матбуотии додгоҳи Алмато афзуда, ки аз 16 то 20 майи имсол 11 ҳукм содир шудааст. Бар асоси ин ҳукмҳо, озодии 17 нафар маҳрум ва 15 тани дигарро ба ғоратгарӣ айбдор донистаанд.

Додгоҳи Алмато то 23 май ҷамъан 186 парвандаро, ки дар доираи онҳо 287 кас дар курсии айбдорӣ менишаст, баррасӣ карда, 24 гумонбар бар асоси айбҳои гуногун, аз ҷумла, "ғоратгарӣ" ва "дуздӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳу лавозимоти ҷангӣ" аз озодӣ маҳрум намудааст.

Игор Додон, президенти собиқи Молдова, ба фасод муттаҳам аст

Игор Додон

Додситонии кулли Молдова рӯзи 24-уми май гуфт, президенти собиқи ин кишвар Игор Додон бо иттиҳоми марбут ба фасод боздошт шудааст.

Елена Казаков, додситони зидди коррупсия, дар изҳороте гуфт, қарори боздошти Додон баъди он содир шуд, ки муфаттишон дар пайи кофтукови хона, дафтари корӣ ва мошинҳои Додон чизу чораи бисёр гарон, асъори хориҷӣ ва дигар санадҳоро ошкор ва мусодира карданд.

Казаков гуфт, дар доираи ин парванда ҳам Додон ва ҳам шахсони дигари миёнараву ҳамкораш мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, пулҳои мусодирашуда даҳҳо миллион лей ё садҳо ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.

Санадҳои мусодирашудаи интиқолҳои пулӣ дар робита ба хариди хонаҳо 700 ҳазор долларро ташкил медиҳанд. Казаков гуфт, ду нафар ҳангоми талоши нобуд кардани далелҳо боздошт шуданд.

Худи Додон гуфтааст, гуноҳе надорад ва президенти амалкунандаи ғарбгаро Мая Сандуро гунаҳкор кард, ки гуё бо ин кораш мехоҳад таваҷҷӯҳи ҷомеаро аз мушкилоти иқтисодии кишвар ба сӯи дигар кашад.

Ӯ гуфт, омода аст, ба ҳама суолҳои тафтишот посух диҳад ва парвандаро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид.

Тамаркузи ҷангҳои Русия дар шарқи Украина

Сӯхтор дар як корхонаи минтақаи Донбасс. 24-уми май, рӯзи 90-уми ҷанги Русия алайҳи Украина

Русия ба ирсоли нирӯву муҳимоти ҷангӣ ба асосан ду шаҳри шарқии Украинаро идома медиҳад, дар ҳоле, ки Киев мегӯяд, бо набарди ҳалкунандаи тақдири ояндаи ин кишвар рӯбарӯ шудааст. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки вазъ дар Донбасс “фавқулодда сангин” аст. Дар паёми шабонгоҳии 25-уми маяш Зеленский гуфт, ки “тамоми нирӯи артиши Русия, ки дар ихтиёраш боқӣ мемонад, ба ин ҳамла равона шудааст”.

Нирӯҳои Русия аз се самт ҳуҷум карда талош доранд шаҳрҳои Северодонетск ва Лисичанскро, ки дар соҳилҳои ғарбии дарёи Северский Донетс ҷойгир аст, ишғол кунанд. Серҳий Ҳайдай, волии Луҳанск рӯзи 25 май гуфт, ки дирӯз дар тирборонҳои Северодентск шаш нафар кушта шуд. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хадамоти иттилооти Бритониё, масдуд кардани шаҳри соҳилии Одесса боиси камбуди содироти гандум шуд ва ҷуброни интиқоли он аз роҳи заминӣ имконнопазир аст.

Дар як ноҳияи Қирғизистон беш аз 3,5 ҳазор шиноснома гум шудааст

Дар Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон 2101 шиноснома ва 1667 ID-корте, ки бояд нобуд карда мешуданд, гум шудааст. Дар ин бора вазири рушди рақамии Қирғизистон Талант Имонов дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа мутахассиси шуъбаи байниминтақавӣ аз вазифа озод ва дастгир гашта, сардори Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Аравон низ аз вазифа озод ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Чандин корманди департаменти мазкур танбеҳ гирифтаанд.

"Ин қазия таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури Қирғизистон қарор дорад. Дар оянда низ шуморо аз натиҷаи мубориза бо "мафияи шиноснома" огаҳ хоҳем кард", - илова кардааст ӯ.

Вазири рушди рақамии Қирғизистон пештар гуфта буд, шаҳрвандеро дастгир карданд, ки мехост ба Туркия беш аз 100 шиносномаи қирғизиро интиқол диҳад.

Узбекистон содироти газ ба Чинро дубора оғоз кардааст

Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон содироти газро ба Чин, ки аввали соли равон ба хотири қонеъ кардани талаботи дохилӣ қатъ карда буд, дубора аз сар гирифтааст. Дар ин бора Eurasianet.org хабар медиҳад.

Ҳукумати Узбекистон дар бораи азсаргирии дубораи содироти газ ба Чин хабар надодааст. Аммо маълумоти Чин нишон медиҳад, Тошканд аз тариқи лӯлаи Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз Туркманистон оғоз шуда, тавассути Узбекистону Қазоқистон мегузарад, дубора газ содир мекунад.

Бино ба омори Раёсати гумруки Чин, Узбекистон дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ ба он кишвар ба маблағи 132,8 миллион доллар газ содир кардааст, хабар медиҳад сомонаи русии Neftegaz.ru. Ҳаҷми гази содиршуда гуфта намешавад.

Туркманистон ба маблағи 2,87 миллиард доллар ва Қазоқистон бар ивази 270,6 миллион доллар ба Чин газ фурӯхтаанд.

"Изҳорот"-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов. Шерзамонов ҷаласа ва 13 ҳазор долларро рад кард

Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов. Акс аз навори мақомот

Журналист ва узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқаш, генерал Холбаш Холбашов, ки ҳарду дар боздоштанд, дар як наворе, ки тавассути мақомот нашру паҳн шуд, ба даст доштани худ дар нооромиҳои Хоруғу Рӯшон таъкид карданд. Дар тазоҳуроти мардум ва амалиёти мақомот дар онҷо, аз 16 то 18-уми май, даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва беш аз сад кас дастгир шуданд. Дар навор ба як кишвари ғарбӣ ҳам ишора шуд, аммо аз ягон давлате ном набурданд.

Ҳарчанд Холбашов гуфт, изҳороти онҳо бидуни ҳеч таҳқиру зӯроварӣ ба даст омадааст, маълум нест, зери чӣ шароите сабт шуда. Видеоро шоми 24-уми май бо рамзи "Телевизиони Тоҷикистон" нашр карданд. Қаблан Улфатхоним Мамадшоева дар суҳбат бо хабарнигорон даст доштани худро дар нооромиҳои Бадахшон рад карда буд.

Муаллифони навор иддао карданд, ки тарҳи нооромиҳои охирро дар Бадахшон 26-уми марти имсол Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ дар Хоруғ ва Алим Шерзамонов маҷозӣ аз Аврупо рехтаанд.

Мамадшоева ва Холбашов дар баёноти видеоии худ гуфтанд, он замон ташкили тазоҳурот дар Хоруғ ба дӯши Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дар Рӯшон бар уҳдаи Холбаш Холбашов гузошта шуд.

Алим Шерзмонов, муовини раиси Паймони миллӣ, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ки дар Аврупо қарор дорад, шоми 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин ҷаласае баргузор нашудааст.

"Касе Мамадбоқирро як ҳафта ё ақаллан се рӯз шинохта бошад, хуб медонад, ки ӯ дар ҳаёташ дар чунин ҷаласае ширкат намекард. Холбаш Холбашов марди ғаюре аст. Ӯро бо чӣ коре маҷбур кардаанд, ки ба худ туҳмат кунад," – афзуд ӯ.

Муаллифони филм мегӯянд, Алим Шерзамонов дар умум барои ташкили бетартибиҳо дар Хоруғу Рӯшон 13 ҳазор доллар фиристодааст. Ба иддаои онҳо, ҳафт ҳазори он ба Хоруғ ва шаш ҳазори дигар ба Рӯшон равона шудааст, аммо нагуфтанд, ки ин миқдор пул чӣ гуна аз хориҷ дарёфту дастрас шудааст.

Шерзамонов мегӯяд, ӯ як паноҳандаи сиёсӣ дар Аврупост ва ин мидқор пул надошту надорад: "Гузашта аз ин, ин миқдор маблағро фиристодан имкон надорад. Дар Аврупо ҳам мепурсанд, ки онро аз куҷо ёфтаам. Ман дар таъминоти давлат ҳастам. Ману Мамадбоқир бародар будем, аммо агар пул ҳам медоштам ва аз номи як ташкилоти ғайрибадахшонӣ мефиристодам, як пайсаашро намегирифт. Яъне як пайсаи Паймони миллиро намегирифт."

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбарони ғайрирасмӣ дар Бадахшон, рӯзи 22-юми май дар шароити мармуз дар Хоруғ кушта шуд. Шахсони наздик ба ӯ мегӯянд, дар ин кор мақомот даст доранд, аммо Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ӯ дар як даргирии дохилӣ бо ҳамсафонаш кушта шудааст.

Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов, ки аз 18-уми май ба ин тараф дар боздошт ҳастанд, дар навори мақомот гуфтанд, “пушаймонанд ва аз мардуми Хоруғу Рӯшон ва Роштқалъа маъзарат мехоҳанд”. Аммо маълум нест, ин ҳарфҳоро кай ва таҳти чӣ шароите гуфтаанд.

Муаллифони навор ҳамзамон Мамадшоеваро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ба гуфтаи мақомот, “шубҳаовари хориҷӣ” ва “пешниҳоди иттилоъ ба намояндагони хадамоти махсуси хориҷӣ” муттаҳам карданд. Онҳо дар ин маврид аз “ду корманди сафорати як кишвари ғарбӣ” ҳам гуфтанд, вале номи касеву кишвареро ошкор накарданд.

Улфатхоним Мамадшоева 65-сола ва ҳомии ҳуқуқу журналисти мустақил аст. Бахши забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва дар телевизиону радиои Бадахшон кор кардааст. Муассиси созмони “Номус ва инсоф”. Аз соли 2003 то 2014 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст. Дар солҳои 90-ум узви “Нерӯҳои худмуҳофизатии Бадахшон” буд.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Сокинони Рӯшон мегӯянд, ҷасади 21 нафарро гирифтанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Ширкати русӣ тобути муҳоҷирони қирғизро бепул мебарад

Оҷонси давлатии авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон ва ширкати русии "Уралские авиалинии" дар мавриди интиқоли ройгон ё бепули тобути қирғизистониҳо созишнома бастанд.

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод, ки созишнома рӯзи 17-уми майи имсол ҳосил шудааст. Ба иттилои сафорат, тобути қирғизистониҳо аз шаҳрҳои Челябинск, Уфа, Нижневартовск, Қазон, Самара, Сочӣ ба шаҳрҳои Ушу Бишкеки Қирғизистон бурда хоҳанд шуд.

Моҳи апрели имсол сафорати Қирғизистон дар Русия ба интиқоли тобути 15 қирғизистонӣ мусоидат кардааст.

Моҳи апрели соли ҷорӣ сафорати Қирғизистон дар Русия дар интиқоли 15 тобути қирғизистониҳо мусоидат кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, ҳамасола бештар аз 300 қирғизистонӣ дар Русия бо сабабҳои гуногун мефавтанд. Интиқоли тобути фавтидаҳо аз Русия ба ватанашон мушкилӣ ба бор меорад.

Ба иттилои расмӣ, 1 миллиону 118 ҳазор қирғизистонӣ дар хориҷ аз ин кишвар муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG