Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар посух ба Прага Маскав ду дипломати чехро ихроҷ мекунад


Сафорати Ҷумҳурии Чех дар Маскав
Сафорати Ҷумҳурии Чех дар Маскав


Русия ду дипломати чехро шахсони номатлуб (персона нонграта) номида амр дод, ки то 17 июн хоки ин кишварро тарк кунанд. Дар ин бора ВКХ Русия хабар дод. Рӯзи 15 июн сафири чех Витезслав Пивонка ба вазорати хориҷаи Русия фаро хонда шуд. Баъди гуфтугӯ дар ВКХ сафир тасдиқ кард, ки ба ӯ дар бораи қарори ихроҷи ду дипломат хабар доданд. Ном ва вазифаҳои онҳо феълан нашр намешавад. ВКХ Русия гуфт, ки ин иқдоми ҷавобии онҳо ба ихроҷи ду дипломати рус аз Прага аст, ки дар намояндагии Россотрудничество кор мекарданд. Дар ҳоле, ки мақомоти рус ин қарори худро посухи ҷавобӣ ба айни чунин тасмим дар Чехия меноманд, дар Прага мақомот гуфтанд, ки сабаби ихроҷи дипломатҳо дар он аст, ки яке аз онҳо бо аризаи дурӯғин ва тӯҳматомез барқасдона хадамоти вижаи Чехро гумроҳ кардааст.
Хадамоти зиддиҷосусии Чехия ахиран парвандаи таҳдид ба заҳролудкунии сиёсатмадорони чехро баст. Дар ин парванда сухан аз он мерафт, ки гӯё таҳдид ба заҳролудкунии мақомоти шаҳрдории Прага вуҷуд дорад. Хадамоти зиддиҷосусии Чехия гуфт, ки дар асл маълум шуд, ки “гап дар зиддияту душмании ду корманди сафорат” будааст. Яке аз онҳо ба номи хадамоти зиддиҷосусӣ мактуби беимзо фиристода бо ин кораш хост ба ҳамкори дигараш осеб расонад. Дар ин мактуб гуфта мешуд, ки гӯё ҳамкораш ба Прага заҳри рисин оварда мехоҳад шаҳрдори Прага Зденек Ҳржиба ва раҳбарони маъмуриятҳои ноҳияҳои Прага-6 ва Ржепори - Ондржей Колларж ва Павел Новотнийро заҳролуд кунад. Хадамоти зиддиҷосусии Чехия таҳқиқ ва маълум кард, ки ин иттиҳом сохтакорӣ ва як дурӯғ будааст.
Тавре маълум шуд, дипломатҳои ихроҷшуда – раҳбари идораи чехии Россотрудничество Андрей Кончаков ва зертобеи ӯ - собиқ иҷрокунандаи раиси Маркази русии илму фарҳанг Игор Рибаков будаанд.

Муносиботи миёни Русия ва Ҷумҳурии Чех моҳҳои гузашта дар паи барчида шудани муҷассамаи маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Иван Конев аз минтақаи Прага-6 пуршиддат шуд.

XS
SM
MD
LG