Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо марзҳоро боз мекунад, Амрикову Осиё ҳамоно бо хуруҷи вирус дастбагиребонанд


Зане дар муқобили манораи Эйфел, маркази Париж
Зане дар муқобили манораи Эйфел, маркази Париж

Бисёр кишварҳои аврупоӣ шурӯъ аз 15-16-уми июн марзҳои худро ба рӯи кишварҳои ҳамсоя боз мекунанд ва ин як қадами бузург дар паи се моҳи маҳдудиятҳо мебошад. Олмон, Белгия, Фаронса, Юнон ва Ҷумҳурии Чех дар миёни кишварҳое мебошанд, ки аз имрӯз ва Австрия аз 16 июн марзҳоро боз мекунанд. Бозкушоии ҳамоҳангшудаи марзҳо дар ҳоле ҷараён дорад, ки ҳафтаи гузашта Комиссиюни Аврупо машварат дод, ки кишварҳои узв марзҳояшонро боз кунанд. Бозкушоии марзҳо бештар марбут ба шаҳрвандони ИА, Бритониё ва аксар кишварҳои ҳавзаи Шенген мебошад. Ҳамзамон ҳар кишвар муқаррароти ҷудогонаро риоя карда, тесту карантину қоидаҳои махсуси сафарро риоя мекунанд. Феълан меҳмонҳо аз кишварҳои дигар бояд барои ворид шудан ба Аврупо интизор монанд. Президент Эммануэл Макрон гуфт, ки Фаронса рӯзи 15 июн тамоми бахшҳои иқтисод, аз ҷумла тарабхонаҳоро боз мекунад. Марзҳои Фаронса ҳам аз рӯзи 15 июн бо кишварҳои аврупоӣ боз шуд ва аз 1 июл ба меҳмонҳои кишварҳои дигар ҳам иҷоза мешавад, ки ба Фаронса ворид шаванд. Испания аз рӯзи 21 июн ба вуруди меҳмонҳо иҷоза медиҳад. Бозкушоии марзҳо дар Аврупо дар ҳолест, ки хатари бозгашти коронавирус рафъ нашудааст ва коршиносон машварат медиҳанд, ки аврупоиҳо дар мавсими таътилҳои тобистона зиёд дар фикри сайру саёҳат набошанд.

XS
SM
MD
LG