Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Андиҷон дар натиҷаи латту кӯби пулис ҷон бохт


Як қурбонии шиканҷа аз сӯи пулис дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Як қурбонии шиканҷа аз сӯи пулис дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Се корманди мақомоти корҳои дохилии шаҳри Андиҷони Узбекистон бо айби сӯистифода аз салоҳиятҳои хизматӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва истифодаи шиканҷа боздошт шудаанд.

Дар ин бора Додситонии кулли Узбекистон хабар медиҳад.

Пештар аз ин хабар расид, рӯзи 11 июн сокини 32-солаи Андиҷон А. Абдукаримов фавтид, ки 30 май дар ҳолати беҳушӣ ва осори шиканҷа дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Додситонии Узбекистон хабар дод, ки нисбати сокини Андиҷон хушунат раво дида шуда, ӯро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG