Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 нафар дар як рӯз дар Афғонистон кушта шудааст


Ду корманди пулис дар Кобул
Ду корманди пулис дар Кобул

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки рӯзи гузашта дар ин кишвар 17 нафар кушта шудааст. Масъулияти ин ҳамлаҳоро ягон гурӯҳ то ҳол бар душ нагирифтааст.

Бо вуҷуди баъзе аз пешрафтҳо дар музокироти давлати Афғонистон бо гурӯҳи Толибон ҳафтаҳои ахир ҳамлаҳо бештар шудааст. Мақомот дар вилояти Хуст гуфтанд, ки чанд марди мусаллаҳ 8 нафарро куштанд.

Абдул Валӣ, як номзад ба интихоботи порлумонии соли гузашта дар миёни кушташудаҳо будааст.

Дар вилояти Лугар се занро бо як духтараш куштанд. Дар вилояти Бадахшони Афғонистон як фармондеҳи ҳукуматӣ ва се ҳамроҳашро куштанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳамлае дар вилояти Тахор як рӯҳонӣ ба ҳалокат расид.

Дар Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон наздики 40 сол боз ҷанг давом дорад. Талошҳо барои сулҳ ҳанӯз комёб нашудаанд.

XS
SM
MD
LG