Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Панҷ анбори гази моеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ сӯхта нобуд шудааст

Дар Тоҷикистон оташ гирифтани анборҳои маводи сӯхт дар гузашта ҳам дида шудааст.

Бар асари сӯхтор дар як корхонаи коркарди нафти дар ноҳияи Рудакӣ панҷ анбори нафт нобуд шудааст. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки оташсӯзӣ рӯзи 12-уми июн дар Корхонаи коркарди нафт дар ҷамоати Гулистон 10 километрии пойтахт ба вуқӯъ пайваст ва пас аз се соат фӯру нишонда шуд. Панҷ анбори гази моеъ нобуд шудааст, вале хушбахтона касе осеб надидааст.

Сабаби оташсузӣ таҳқиқ мешавад. Дар хомӯш кардани оташи азим гурӯҳи зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ва бо Хадамоти оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар шудаанд. Сокинони атрофи корхона мегӯянд, садои баланди оташсӯзӣ ва таркиданҳо нигарон шудаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сабаби сӯхтор ва ҳаҷми зарар дар ояндаи наздик муайян карда мешавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Теъдоди мубталоёни СОVID-19 дар Тоҷикистон 6505 нафар шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар як шабонарӯзи гузашта 49 мавриди собитшудаи сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст, ки дар муқоиса ба омори рӯзи 10-уми июл ду нафар бештар аст. Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, дар умум то рӯзи 11-уми июл 6505 нафар дар Тоҷикистон ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд ва аз ин миён то ҳол 5176 нафар ё тақрибан 80 дар сади беморон шифо ёфтаанд.

Талафот аз беморӣ дар як шабонарӯзи гузашта ба гуфтаи мақомот зиёд нашудааст ва 55 нафарро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи мақомоти вазорат , 196 нафари дигар зери назари табибон қарор доранд ва муоина мешаванд. Аммо мутахассисон ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, бинобар набудани ташхиси дурусту муносиби коронавируси нав мумкин аст, теъдоди воқеии гирифтор ва талафот аз беморон ба маротиб зиёдтар бошад.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-уми апрел ва як рӯз пеш аз омадани ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эътироф кард, ки коронавирус ба 15 нафар дар Тоҷикистон сироят кардааст.

Дар Сребренитса ёди ҳазорон кушташударо гиромӣ доштанд

Дафни боқимондаҳои 6 нафар, ки ҳуввияташон маълум шуд.

Пандемияи коронавирус маросими 25-умин солгарди ёдоварӣ аз куштори дастаҷамъӣ дар шаҳри Сребренитсаи Босния ва Ҳерзеговинаро маҳдуд кард. Дар ин маросим, ки рӯзи 11-уми июл сурат гирифт, меҳмонони зиёди даъватӣ аз ҷумла Чарлз шоҳзодаи Бритониё ширкат накарданд.

Моҳи июли соли 1995 нерӯҳои серби Босния бештар аз 8 ҳазор наврасу мардони мусулмонро дар як маҳалли Сребрентиса ҷамъ карда ва куштанд. Ин фоҷиа бадтарини куштори дастаҷамъӣ баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум дар қаламрави Аврупо ба ҳисоб меравад.

Додгоҳҳои байналмилалӣ гуфтаанд, ки ин қатл наслкушӣ буд, аммо мақомоти Сербия ва Сербҳои боснӣ чунин гуфтаро қабул надоранд. Фоҷиа дар поёни ҷанги сесолаи сербҳо ба зидди босниҳо ва хорватҳо сурат гирифт, ки аз соли 1992 то соли 1995 идома кард ва ҷони 100 ҳазор нафарро гирифт. Бахшида ба 25-умин солгарди ёдоварӣ аз қурбониёни ҳодиса дар Босния ва Ҳерзеговина, чорабиниҳои гуногун сурат мегиранд, аз ҷумла боқимондаҳои ҷасади 9 нафарро дар оромгоҳи Потокари дафн мекунанд.

Дар ин бештар аз 6640 нафарро дафн кардаанд, ҷасади 1000 каси дигарро наёфтаанд. Умдатан дар маросими ёдоварӣ дар оромгоҳи Потокари ҳазорон нафар ҷамъ меомаданд, вале ба сабаби пандемияи коронавирус имсол мардум зиёд набудааст.

Доналд Трамп ҷазои шарики деринаашро сабук кард

Роҷер Стоун ба се солу чаҳор моҳи зиндон маҳкум шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҷазои Роҷер Стоун, яке аз шарикони дерини сиёсиашро сабук кард, ки ба гуфтаи ӯ ҷабридаи парвандаи “бофта”-и Русия аст. Роҷер Стоун, ки ба дурӯғгуӣ дар Конгресс, дасткории далелҳо ва мамониат ба тафтиши Маҷлиси намояндагон гунаҳкор дониста шудааст, бояд ба зудӣ ба зиндон фиристода мешуд. Ӯ бояд 3 солу чаҳор моҳро дар зиндон сипарӣ мекард, вале акнун баъди қарори Доналд Трамп озод карда мешавад.

Доир ба фармони мазкур рӯзи 10-уми июл дар Кохи Сафед эълон доданд. Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки Роҷер Стоуни 67-сола то кунун бисёр “ранҷ кашидааст” ва дар сурати нигаҳ доштанаш дар зиндон, мумкин аст, вазъи сиҳатиаш бад шавад. Роҷер Стоунро дар парвандаи ҳамдастии эҳтимолии ситоди интихоботии Доналд Трамп бо Русия бозпурсӣ карданд.

Дар баёнияи Кохи Сафед дигарбора таъкид шудааст, ки ҳеҷ гуна ҳамдастие бо Русия набуд ва парвандаи мазкур, тахаюлоти гурӯҳе буд, ки намехостанд, натиҷаҳои интихоботи соли 2016-ро қабул кунанд. Роберт Мюллер додситони махсусе, ки мудохилаи эҳтимолии Русия ба интихоботи Амрикоро тақрибан ду сол таҳқиқ кард, хулосаи қотеъе доир ба амалкардҳои Трамп, аз ҷумла мамониати эҳтимолии ӯ ба тафтиш надод.

Дар гузориш доир ба муколамаҳое байни ситоди интихоботии Доналд Трамп ва Русия далелҳое овардаанд, вале ба гуфтаи Роберт Мюллер далелҳои кофӣ барои оғози парвандаи ҷиноӣ пайдо накарданд.

Тазоҳуроти олуда ба хушунат дар Белград идома кард

Тазоҳуроти олуда ба хушунат дар шаби 10-уми июл дар Белград

Дар шаҳри Белград пойтахти Сербистон, тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ шаби гузашта ҳам идома кард ва маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурд. Чаҳор рӯз аст, ки мардум дар ин шаҳр ба нишони эътироз аз амалкардҳои ҳукумат дар мубориза бо бемории СОVID-19 эътироз доранд.

Тазоҳургарони хашмгин шаби 10-уми июл ба тарафи маъмурони пулис, ки бинои порлумонро посбонӣ мекарданд, сангу дигар васоили оташгиранда меандохтанд. Онҳо саъй карданд, сафи маъмурони пулисро рахна карда ба бинои порлумон ворид шаванд, вале натавонистанд. Дар Нови Сад дуввумин шаҳри бузурги Сербистон низ тазоҳурот идома ёфт ва эътирозгарон барои муддате шоҳроҳ ба самти Белградро бастанд.

Дар Сербистон мардум аз амалкардҳои ҳукумат дар муқобила бо коронавирус, ки дигарбора хуруҷ кардааст, ноумед шудаанд. Бино ба омори расмӣ дар 24 соати гузашта, то рӯзи 10-уми июл дар Сербистон 18 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар умум бино ба омори ҷамъовардаи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико коронавируси нав дар Сербистон ба 17 ҳазор нафар сироят карда ва 370 нафарро куштааст.

Дар Тоҷикистон боз як нафари дигар аз коронавирус фавтидааст

Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки дар Тоҷикистон як нафари дигар аз коронавируси нав фавтидааст ва шумори расмии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир то 10-уми июл ба 55 нафар расид. Дар ҳафтаи равон ин дуюмин ҳодисаи фавти шаҳрвандон аз бемории COVID-19 мебошад. Ҳарчанд бархеҳо омори ғайрирасмиро аз ин бештар медонанд.

Ба иттилои расмӣ аз 30-юми апрел то 10-уми июл коронавирус ба 6457 кас дар Тоҷикистон сироят кардааст. Мақомот мегӯянд, дар шабонарӯзи гузашта 47 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст.

Дар ин муддат 5115 ё зиёда аз 79 дарсад аз беморон шифо ёфтаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз кам шудани беморӣ ва холӣ шудани шифохонаҳо мегӯянд, Узбекистону Қазоқистон дубора аз афзоиши гирифторон ва сахттар шудани чораҳо хабар доданд.

Зимнан дар миёни муҳоҷироне, ки охири ҳафтаи гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда шуданд, 70 нафарашон ба коронавирус сироят ёфтаанд. Тибқи иттилои хабаргузории "Азия-Плюс" 3 нафари бозгашта аз Олмон низ бо нишонаҳои беморӣ бистарӣ ҳастанд.

Шуриши бошандагони бузургтарин минтақаи карантини Узбекистон. ВИДЕО

Дар минтақаи карантини "Уртасарой"-и вилояти Тошканди Узбекистон рӯзҳои 8-9 июл шуриш баргузор шуд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки афроде, ки ба карантини иҷборӣ гирифта шудаанд, чи гуна талоши кушодани дарвозаи оҳанинро доранд ва болои боми контейнерҳо баромада, талаби раҳоӣ мекунанд. Бархе аз бошандагони ин минтақа гуфтанд, бо вуҷуди 30 рӯз дар контейнерҳо нигаҳдорӣ шудан ҳанӯз ҳам онҳоро раҳо намекунанд.

Бархе аз занон гуфтанд, аз 20 июн ба ин тараф дар карантин ҳастанд ва рӯзҳои охир ғизои дурусте дарёфт накарда, аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

"Дирӯз муҳлати буду боши чанд кас ба поён расид ва мебоист, ба хонаҳояшон раванд. Аммо танҳо 270 касро рухсат доданд, ба дигарон гуфтанд, ки муҳлати рухсати шумо ҳанӯз дақиқ нест. Инҷо 1000 каси дигар нигаҳдорӣ мешавад. Бархеҳо бо кӯдакони хурдсолашон инҷо нигаҳдорӣ мешаванд. Одамонро посухи норушани масъулони минтақаи карантин ба хашм овард", - мегӯяд марде дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

То 9 июл дар Узбекистон 11 ҳазору 564 нафар ба вируси корона мубтало шудааст.

Бештар аз сад коргари як корхона дар Узбекистон мубталои COVID-19 шуданд

Миёни сохтмончиёни корхонаи истеҳсоли сӯзишвории маснуӣ ё синтетикӣ дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон 127 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии Узбекистон хабар дод.

Айни замон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вабо миёни сохтмончиёни дигар чораҷӯӣ мешавад.

Дар Узбекистон фаъолияти корхонаҳо ва ширкатҳои бузург дар давраи вабои коронавирус манъ нашудааст.

Коргарони чанде аз корхонаҳо гуфтанд, ки аз замон шуруъи густариши коронавирус онҳоро ба хонаҳояшон рухсат надода, дар дохили коргоҳ нигаҳ медоранд.

Коргарон шикоят доранд, ки бар хилофи талаби мақомот дар бораи риояи фосилаи иҷтимоӣ, корфармоҳо онҳоро ҳамарӯза дар як макон нигаҳ медоранд ва ғизо медиҳанд.

Пизишкони қирғизистонӣ барои мубориза бо коронавирус ба ватан баргаштанд

Рӯзи 10-уми июл бо як парвози чартерӣ 192 қирғизистонӣ аз шаҳри Новосибири Русия ба ватанашон баргаштанд. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймои мазкур занони ҳомила, кӯдакон ва солхӯрдагону донишҷӯёнро ба Қирғизистон овардааст.

Бо ин парвоз ҳамзамон иддае аз пизишкон ва ҳамшираҳо низ ба Қирғизистон баргашта, тасмим доранд, ки дар мубориза бо вируси корона ба ҳамтоёни қирғизистониашон кӯмак расонанд.

Пештар аз ин як гуруҳи дигари пизишкони ҳамшираҳои қирғизистонӣ аз Москва ва Екатеринбург ба Қирғизистон баргашта, ба сафи ҳамкасбони худ дар Қирғизистон пайвастанд.

Қазоқистон авҷи "пневмонияи ношинос"-ро рад кард. Манбаи хабар сафорати Чин буд

Як мурдахонаи Алмаато, Қазоқистон

Вазорати беҳдошти Қазоқистон рӯзи 10 июл гуфт, ки хабари “дар бархе матбуоти чинӣ паҳншуда” дар бораи он ки дар кишвар ҳодисаҳои олудагӣ ба пневмонияи ношинос ва маргбортар назар ба коронавирус” пайдо шудааст, ҳақиқат надорад. Дар асл хабари ошкор шудани “пневноманияи ношиносе” аввал дар сайти сафорати Чин дар Қазоқистон нашр шуд. Радиои Азаттиқ - бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар хабари сафорат шаҳрвандони Чин огоҳонида шуданд, ки дар Қазоқистон афзоиши бемории пневмония мушоҳида мешавад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Қазоқистон 1772 нафар ва дар моҳи июн 628 нафар аз пневмония даргузашт. Дар хабари сафорат гуфта шуд, ки дар миёни фавтидаҳо шаҳрвандони Чин ҳам буданд. Сафорат гуфт, ки “марг бар асари ин беморӣ ба маротиб бештар назар ба пневмонияи коронавирусӣ будааст”. Ин хабарро худи ҳамон рӯз нашрияи South China Morning Post ҳам бознашр кард.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон рӯзи 10 июл бидуни бурдани номи сафорати Чин дар Қазоқистон гуфт, хабарро “бархе нашрияҳои чинӣ” чоп кардаанд.

Дар шарҳи мавқеи худ вазорати беҳдошт гуфт, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ташхиси байналмилалии бемориҳо код ё рамзи сабти навъҳои пневмонияро ворид кард. Масалан, коронавирус дар шароити клиникӣ ё эпидемоилогӣ бо нишонаҳои “доғи рӯи шуш” тасвир ва зикр мешавад, ки дар шароити лабораторӣ тасдиқ нашудааст. Вазорат гуфт, ки Қазоқистон “назорат ва бақайдгирии ҳамин навъ пневмонияро идома медиҳад, то ки барои қабул кардани қарорҳои саривақтӣ ба хотири мӯътадил кардани вазъи беморӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии инфексияи коронавирусӣ мусоидат кунад”.

Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон ҳолатҳои гирифторӣ ба пневмония якбора боло рафта, вале санҷиши тести COVID-19 манфӣ нишон медиҳад.

Як рӯҳонии тоҷик дар Бишкек аз бемории COVID-19 даргузашт

Домулло Мирзоалӣ. Аксро писараш ба Радиои Озодӣ ирсол кард.

Домулло Мирзоалӣ, писари домулло Муҳаммадии қумсангирӣ субҳи имрӯз 10-уми июл дар Бишкек аз бемории COVID-19 фавтидаст. Дар ин бора наздикони домулло Мирзоалӣ ба Радио Озодӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи пайвандони рӯҳонӣ, Домулло Мирзоалӣ 25 рӯзи охир бо ташхиси коронавирус дар бемористон бистарӣ буд ва субҳи 10-уми июл дар синни 52-солагӣ аз дунё чашм пӯшид.

Мирзоалӣ, писари домулло Муҳаммадии қумсангирӣ, яке аз уламои машҳури Тоҷикистон мебошад. Ба гуфти наздиконаш рӯҳонӣ чанд моҳи пеш ба Бишкек омада, бо сабаби карантин натавонист ба Тоҷикистон баргардад.

Ҷанозаи эшон имрӯз дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад.

Номаи пеш аз марги шаҳрдори Сеул: "Маро бубахшед"

Парк Вон-Су муддати дароз шаҳрдори Сеул буд ва ӯро президенти ояндаи Кореяи Ҷанубӣ меномиданд. Акс аз соли 2015

Дар Кореяи Ҷануби ҷасади шаҳрдори Сеул ва як номзади калидии интихоботи баъдӣ ошкор шуд. Баъди он ки нисбати Парк Вон-Су дар робита бо гумони озори ҷинсии як ҳамкораш таҳқиқи ҷиноӣ шурӯъ шуд ва духтараш дирӯз дар бораи нопадидшавии падар ба полис хабар дод, ҷасади ӯ дар канораҳои шаҳри Сеул пайдо шуд. Дар ҷасад нишонаҳои марги маҷбурӣ дида намешавад. Эҳтимолан шаҳрдори Сеул худкушӣ кардааст. Рӯзи чоршанбе аз болои ин мақдомдори 64-сола собиқ котибааш шикояти расмӣ кард, ки мавриди озори ҷинсии раҳбараш қарор гирифтааст. Дар рӯи мизи кории шаҳрдор як номаи пеш аз марг ошкор шуд ва онро бо иҷозати наздикон Ко Ҳан-Сек, раиси дастгоҳи ҳукумати Сеул ба матбуот қироат кард. Дар нома омадааст:

“Аз ҳама узр мехоҳам. Аз ҳар нафаре, ки дар зиндагӣ бо ман буд, изҳори сипос мекунам. Аз аҳли оилаам узр мепурсам, аз ҳар касе, ки барояш дард овардам. Илтимос, ҷасади маро оташ зада дар рӯи қабри волидон пош диҳед”

Марги Парк Вон-Су бисёриҳоро дар Сеул таконзада кард, чун ӯро дар мақоми президенти ояндаи Кореяи Ҷанубӣ медиданд. Дар робита бо марги сиёсатмадор дар беморхонаи миллии донишгоҳи Сеул панҷ рӯзи азо барпо мешавад. Раҳбарияти Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки аз марги ин сиёсатмадор андӯҳгин аст.

HRW аз Русия хост, ки иттиҳоми журналистони боздоштшуда бекор шавад

7 июл. Полис занеро боздошт кардааст, ки аз боздошти журналист Иван Сафронов эътироз мекард

Human Rights Watch аз Русия хост, ки иттиҳоми даҳҳо журналисти русро, ки барои ширкат дар намоиши эътирозии сулҳомез дар муқобили муҷозоти ҷарима ваё ҳабс қарор доранд, бекор кунад. Ин созмон дар изҳороти рӯзи 10 июлаш тақозо кард, ки иттиҳоми зидди эътирозгарон ва журналистон ва ҳам таъқиби онҳо барои озодии баён ва ширкат дар ҷамъомадҳои сулҳомез бардошта шавад. Дамелия Айтхожина, муҳаққиқи HRW гуфт, ки “дар Русия давоми солҳои зиёд журналистони мустақил таҳти ҳамла буданд ва ҳоло бо таъқибҳои ҷиноӣ ин саркӯбҳо ба дараҷаи аз он ҳам баландтар баромадааст”. HRW мегӯяд, ки дар далели ҳодисаҳои зиёди боздошт мақомот ба нақзи қонуни карантин ва ҷамъомадҳо дар ин давра такя кардаанд. Ин дар ҳолест, ки замони боздошти даҳҳо нафар худи ходимони полис давоми соатҳо ширкатдорони намоишҳои эътирозиро дар мошинҳо нигаҳ дошта, утоқҳои полис ҳавокаши дуруст надоштанд ва муқаррароти фосилагирии иҷтимоӣ нақз мешуд. Рӯзи 3 июл 17 нафар дар беруни идораи Хадамоти амнияти федеролии Маскав боздошт шуданд, ки алайҳи гунаҳгор эълон шудани журналист Светлана Прокопева эътироз карданд. Аксари онҳо журналист буданд. 27 журналисту фаъоли дигар 7 июл дар намоиши эътирозии зидди иттиҳоми журналист Иван Сафронов боздошт шуданд. Ба аксари боздоштшудаҳо ҷарима дар ҳаҷми 280 доллар ва корҳои ҷамъиятӣ дар давоми 40 соат таҳдид мекунад.

Сироятшиноси амрикоӣ: кишвар дар марҳилаи бисёр душвор қарор дорад

Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади ИМА

Сироятшиноси аршади ИМА гуфт, ин кишвар дар як марҳилаи бисёр душвор ва чолишбарангези мубориза бо коронавирус қарор дорад ва дар 24 соати гузашта шумори рекордии нави олудашавиву марг бар асари вируси нав, яъне 1000 нафар - ба қайд гирифта шуд. Энтони Фаучи, раиси Пажӯҳишгоҳи миллии бемориҳои сироятии ИМА гуфт, ки афзоиши ҳодисаҳои олудагиву марг баъди он мушоҳида мешавад, ки биёр тиҷоратҳо боз ва муқаррароти хонашинӣ сабуктар шуд. Беморхонаҳо пур аз муштарӣ буда бисёр иёлот дубора ба маҳдуд кардани тадбирҳо рӯ оварданд.

Фаучӣ аз аёлатҳои шадидан осебдида хост, ки аз боз кардани тиҷоратҳо худдорӣ кунанд. Дар 24 соати гузашта дар саросари ИМА беш аз 65 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба вирус ба қайд гирифта шуд.

Чин гуфт, ба таҳримҳои ИМА посухи мутақобила хоҳад дод

Чен Тсуанго - раиси ҳизби коммунисти вилояти Шинҷонро меъмори низоми фишору азияти аққалиятҳои милливу динӣ меноманд

Чин гуфт, барои таҳрим шудани мақомоти чинӣ аз ҷониби Вашингтон бар асоси парвандаи озори “даҳшатнок ва доимии” ҳуқуқи уйғурҳову дигар гурӯҳҳои мусалмонон дар вилояти ғарбии Шинҷон, тадбирҳои мутақобила роҳандозӣ мекунад. Вазорати хориҷаи Чин рӯзи 10 июл гуфт, ки “иқдомҳои ИМА мудохилаи ҷиддӣ ба умури дохилии Чин аст ва меъёрҳои бунёдии равобити байналмилалиро ҷиддан нақз мекунад ва равобити Чину ИМА-ро ҷиддан осеб мерасонад”. Вазорат нагуфт, ки тадбирҳои мутақобила аз чӣ иборат мешавад. Таҳримҳои ИМА дар шароите ҷорӣ мешавад, ки равобити Пекину Вашингтон бо сабаби тарзи бархӯрди Чин ба коронавирус ва ҳам вазъ дар Ҳонгконг пуршиддат шудааст. Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки се мақоми чинӣ аз ҳақи гирифтани визаи ИМА маҳрум мешаванд ва дороиҳои онҳо дар ИМА масдуд мешавад. Дар миёни ин се мақом чунин афрод ном бурда шудаанд: Чен Тсуанго, раиси ҳизби коммунисти вилояти Шинҷон ва шахсе, ки меъмори низоми фишору азияти аққалиятҳои милливу динӣ дониста мешавад; Жу Ҳайлун, собиқ раиси кумитаи сиёсиву ҳуқуқии Шинҷон ва Ванг Мингшан, раиси амнияти минтақавӣ. Дар миёни таҳримшудаҳо инчунин собиқ мақоми амниятии вилояти Шинҷон номбар шудааст.

Фургал гуфт, аз рӯи иттиҳоми куштор худро бегуноҳ меҳисобад

Сергей Фургал баъди боздошт

Сергей Фургал, раиси боздоштшудаи вилояти Хабаровски Русия гуфтааст, аз рӯи иттиҳоми талоши куштор ва амри куштори чанд соҳибкор худро бегуноҳ меҳисобад. Алексей Мелников, як раҳбари Комиссиюни ҷамъиятии назорати ҳуқуқи башари Русия рӯзи 10 июл ба РБК гуфт, дар боздоштгоҳ бо Фургал дидор кард ва ӯву дигар боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки аз рӯи ин парванда худро гунаҳгор намеҳисобанд ва мегӯянд, ки ҳеҷ касе онҳоро барои эътирофи гуноҳ маҷбур намекунад. Фургал узви ҳизби ЛДПР-и Владимир Жириновский дар интихоботи ду соли пеш бар номзади ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” ғолиб омад ва давоми ду соли охир раҳбари вилояти Хабаровски воқеъ дар Шарқи Дур буд. Дар ҳамин ҳол дар Хабаровск ду нафари дигар – вакилони маҷлиси вилоятӣ аз ҳизби ЛДПР боздошт шуданд. Сергей Зюбр, раҳбари фирқаи ҳизбӣ гуфт, ки баъди боздошти Сергей Кузнетсов ва Дмитрий Козлов хонаву гараж ва мошинҳои онҳо кофтуков шуд. Як манбаъ ба ТАСС гуфтааст, ки боздошти ду депутат ба парвандаи Фергал чандон рабти мустақим надорад. Ин ду депутат муассисаи саноатии Амурсталро ба ихтиёр доштанд ва ба навиштаи “Коммерсантъ”, дар тақаллуб гумонбар мешаванд. Жириновский боздошти Фургалро “эҳтимолан дорои ангезаҳои сиёсӣ” номидааст. Матбуот мегӯяд, ки боздошти Фургал дар доираи як парванда дар нисбати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ буда, ба ҳодисаҳои солҳои 2004 ва 2005 рабт дорад.

HRW ба мақомоти тоҷик: Асрориддин Розиқов озод шавад

Асрориддин Розиқов рӯзи 26 июн бо сабабҳои номаълум боздошт шуд ва то ҳанӯз далели ин боздошт маълум нест.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз Тоҷикистон хост, ки “Асрориддин Розиқов билофосила аз боздошт озод шавад” ва дар заминаи боздошти “худсарона таҳқиқот анҷом шуда, масъулон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”. Изҳороти созмони байналмилалӣ рӯзи 10 июл дар вебсайти он нашр шуд. Асрориддин Розиқови 38-сола писари узви собиқи раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Зубайдуллоҳи Розиқ аст, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба иддаои наздикон, Асрориддин Розиқов то замони боздошти мармузаш дар бозори "Корвон" ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул буд ва рӯзи 26-уми июн дар роҳ ба сӯи бозор аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) боздошт шудааст.

Бо гузашти ду ҳафта аз боздошти Розиқов то ҳол ин ниҳод дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ шарҳе надодааст. Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба иттилои онҳо бародараш дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад ва ҳанӯз маълум нест, ки ӯ дар чӣ гумонбар мешавад.

Human Rights Watch дар изҳороти худ мегӯяд, боздошти Розиқов аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон “худсарона” буда, “мақомот ҳеҷ далеле барои боздошти ӯ пеш нагузоштанд” ва ҳам “хешовандонаш аз вазъи сиҳҳативу ҳоли ӯ бехабаранд”. Ҳю Виллиамсон, раиси барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Human Rights Watch мегӯяд, “боздошти худсаронаи Асрориддин Розиқов бахше аз талошҳои афзояндаи мақомоти тоҷик барои эҷоди тарс дар миёни мунаққидони ҳукумат ва дигарандешони сулҳомез” мебошад.

Ӯ мегӯяд, ки аз миёнаҳои соли 2015 мақомои тоҷик беш аз 150 нафарро бар асоси ангезаҳои сиёсӣ боздошт кардаанд ва дар миёни онҳо ҳуқуқшиносон, мунаққидон ва аъзои созмонҳои сиёсӣ мебошанд. Мақомот дар Тоҷикистон боздоштҳо бар асоси ангезаҳои сиёсиро рад карда гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд.

Сарбози тоҷикро барои талоши фирор аз хидмат ду сол зиндонӣ карданд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе сарбози қаторӣ Отабек Иброҳимовро барои саркашӣ аз адои хизмати ҳатмӣ 2 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Вокуниши Иброҳимов ва наздикони ӯ маълум нест. Вале дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, шароити сангин ва "дедовшина" боис мешавад, ки ҷавонон аз артиш фирор кунанд.

Мақомот мегӯянд, Отабек Иброҳимов 12-уми ноябри соли 2019 ба сафи артиш даъват шуда буд. Ӯ дар қисми ҳарбии Агентии таъминоти амволи махсус хизмат мекард, ки вазифааш таъмини артиш бо маҳсулоти кишоварзӣ аст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Иброҳимов дар охири моҳи декабри соли 2019 бо фурӯ бурдани 17 дона санги майда талош кард, ки дар бемористон бистарӣ шавад ва ба ин тартиб аз адои хизмати сарбозӣ раҳо гардад. Додрас гуфтааст, ки ин Иброҳимов "ба шароити сарбозӣ тоб наовардааст".

Вокуниши наздикони сарбози маҳкумшуда ва худи дастрас нест. Маълум нест, ки Отабек Иброҳимов чаро 17 дона санги майдаро фурӯ бурдааст.

Ин ягона ҳодисаи фирорӣ сарбозон аз сафи артиш нест. Додгоҳи ҳарбӣ-гарнизонии шаҳри Душанбе моҳи май як сарбози дигарро барои саркашӣ аз хизмат ба ду соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо наздикони ин сарбоз аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда буданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бархе ҷавонон дар Тоҷикистон хоҳиши хизмати сарбозиро надоранд ва бо роҳҳои мухталиф аз даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ фирор мекунанд.

Яке аз сабабҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмати сарбозӣ ҳолатҳои латту кӯб ва марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ аст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, аз соли 2014 то 2016 60 ҳолати муроҷиати пайвандони сарбозон сабт шудааст. Дар 11 ҳолат муроҷиати пайвандон ба марги сарбозон рабт доштааст.

Помпео дар посух ба як мақоми СММ аз куштори Сулаймонӣ ҳимоят кард

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА аз тасмими куштори фармондеҳи калони низомии эронӣ Қосими Сулаймонӣ дар Ироқ дар моҳи январи имсол бо истифода аз дронро ҳимоят кард, дар ҳоле, ки як мутахассиси СММ ин амалро “ғайриқонунӣ” номидааст.


Помпео дар изҳороти рӯзи 9 июлаш хулосаҳои Агнес Каламард, гузоришгари вижаи СММ оид ба қатлҳои ғайридодгоҳӣ ва худсаронаро “ғайривоқеӣ” номид. Ӯ гуфт, ки амалҳои ИМА дар робита бо ҳамла бар асоси меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ “шаффоф” буд ва ба номаи ирсолшуда ба номи Шӯрои амнияти СММ ишора кард, ки дар он дар бораи “ҳақи ИМА ба дифоъ аз худ” таъкид мешавад.

Каламард хулосаҳои худро ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева таслим кард ва дар он гуфта мешавад, ки ҳамла ба Сулаймонӣ бо дрон рӯзи 3 январ дар наздикиҳои фурудгоҳи Бағдод “куштори худсарона” буд ва бар асоси қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ИМА дар ин кор масъулият дорад.

Ӯ гуфт, ки ИМА ҳеҷ далели хосе дар заминаи ин ки Сулаймонӣ нақшаи ҳамлаи билофосила ба Амрикоро дошт, пешкаш накард. Вале Помпео гуфт, ки куштори Сулаймонӣ дар ҷавоб ба “як силсила ҳамлаҳо буд, ки моҳҳо аз он пеш” дар Ироқ анҷом гирифт. ИМА мегӯяд, Сулаймонӣ барои ташкили ҳамлаҳо ба нирӯҳои ИМА дар давоми солҳои зиёд масъулият дошт ва ҳам дар андешаи он буд, ки алайҳи Амрикову муттафиқонаш дар минтақа ҳамлаҳои бештар анҷом диҳад.

Эстакадаи дуюм дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд

Эстакада ё роҳи сетабақаи назди беморхонаи маъруф ба Қарияи Боло баъд аз таъхири чандмоҳа ифтитоҳ шуд. Субҳи 10-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе роҳи сетабақаро ба истифода дод.

Дафтари матбуотии Президент мегӯяд, амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат мекунад.

Мақомот мегӯянд, ин роҳи сетабақа бо маблағи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ сохта шудааст. БАТР барои ин кор ҳудуди 40 миллион доллари амрикоӣ қарз ва кумаки фаннӣ кардааст.

Роҳи сетабақаи назди беморхонаи Қарияи Боло аз рӯи нақша бояд дар ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешуд. Аммо хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 дар Чин ва кишварҳои минтақа, иҷрои тарҳи бозсозии онро ба таъхир андохт.

Ин дуввумин эстакада дар шаҳри Душанбе мебошад. Эстакадаи нахустин дар буриши хиёбони ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум ду сол қабл мавриди истифода карор дода шуд. Вале ҳаракати нақлиёт тавассути ин эстакадаи сетабақа танҳо дар як самт имкон дорад. Дар зарфи се соли ахир, ки сохтмони ин ду эстакада идома дорад, даҳҳо ҳазор сокинони чанд маҳаллаи пойтахти Тоҷикистон дар бунбасти иртиботӣ қарор доштанд.

Вилояти Таласси Қирғизистон барои ду ҳафта баста шуд

Яке аз шоҳроҳҳои вилояти Талас.

Мақомоти вилояти Талласи Қирғизистон вуруди шаҳрвандонеро ба вилоят манъ карданд, ки қайди ҷойи зист надоранд. Марат Муродалиев, раиси вилояти Таласс гуфт, мақомот дар вурудгоҳи вилоят шиносномаҳои воридшавандагонро тафтиш мекунанд.

Муродалиев бастани вилоятро ба тавсияи табибон рабт дод, ки гуфтаанд, барои мубориза бо паҳншавии коронавирус бояд равуои сокинон маҳдуд шавад.

Дар вилояти Таласси Қирғизистон ҳамзамон бозорҳои чорво ва майдонҳои варзиш баста мешаванд. Раиси вилояти Таласс вазъи беҳдоштиро дар ин минтақа муътадил арзёбӣ кард.

Ахиран дар вилояти Бодканди Қирғизистон низ маҳдудият ҷорӣ шуд. Дар ин вилоят сар аз 10 июл гардиши нақлиёти ҷамъиятӣ ва кирокашҳое манъ шуд, ки байни вилоят бо шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва дигар минтақаҳо равуо доранд.

Рафту омади бе зарурати сокинон ба ноҳияҳои дигари Қирғизистон манъ шудааст. Шаҳрвандоне, ки ба табобат эҳтиёҷ доранд, танҳо дар асоси роҳхати пизишкон метавонанд, минтақаро тарк кунанд. Ба вилояти Бодканд танҳо мошинҳои боркаш иҷозаи убур доранд.

Вазъи беҳдоштии Қирғизистон ба якборагӣ бад шуд. Дар як рӯзи охир дар он кишвар 361 ҳолати мубталоӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қирғизистон ба 8847 расид.

Узбекистон ба ду ҳазор муҳоҷири дар марз дармонда иҷозаи убур дод

Марзи Қазоқистон ва Узбекистон.

Наздики ду ҳазор муҳоҷири дар марзи Қазоқистон дармондаи Узбекистон шаби 9 июл иҷозаи убур дарёфт карданд. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон ба расонаҳо хабар доданд.

Ба гуфтаи мақомот, дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон наздики 3 ҳазор муҳоҷир аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ шуда буд. Ин муҳоҷирон ба далели паҳншавии вируси корона ва баста будани марзҳо натавонистанд, бидуни монеа ба манзилҳои худ расанд.

Узбекистон, ки аз охири моҳи март марзҳояшро баста аст, ба далели надоштани ҷой барои ба карантин гирифтани афроди аз хориҷ баргашта, ба муҳоҷирон иҷозаи убури марзро намедиҳад.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, шоми 8 июл дар марзи ин кишвар бо Узбекистон наздики 3 ҳазору 400 муҳоҷир ҷамъ шуда буд. Шаби 9 июл наздики 2 ҳазор муҳоҷир аз марз гузашта, вориди Узбекистон шуданд. Ба ҷуз ин, 500 муҳоҷири дигар иҷозаи убур дарёфт кардаанд. Сафорати Узбекистон дар Қазоқистон ваъда кардааст, ки ба ҳамаи дармондагон иҷозаи убур хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар додааст, ки наздики 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон боқӣ мондааст.

Узбекистон теъдоди парвозҳои чартериро кам кард

Яке аз фурудгоҳҳои Узбекистон.

Вазорати нақлиёти Узбекистон хабар дод, ки теъдоди парвозҳои чартерӣ барои баргардонии шаҳрвандони ин кишвар аз хориҷ кам шудааст. Ин вазорат хабари комилан қатъ шудани парвозҳои мазкурро рад кард.

Бино бар нақшаи нав, аз 10 то 19 июл парвозҳои зер сурат хоҳанд гирифт:

10 июл Сеул — Тошканд — Сеул (Korean airlines)

12 июл Санкт-Петербург — Тошканд — Санкт-Петербург (Rossia)

13 июл Сеул — Тошканд — Сеул (Asiana airlines)

13 июл Тошканд — Москва — Тошканд (Uzbekistan Airways)

15 июл Москва — Тошканд — Москва (Ural airlines)

16 июл Истамбул — Тошканд — Истамбул (Turkish airlines)

16-17 июл Тошканд — Ню-Йорк — Тошканд (Uzbekistan Airways)

19 июл Тошканд — Владивосток — Тошканд (Uzbekistan Airways)

Вазорати нақлиёти Узбекистон ҳамзамон хабар дод, ки бо беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ шумори парвозҳои чартерӣ дубора афзоиш хоҳанд ёфт.

Омори нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон

Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон сироятёбӣ ба коронавирус афзоиш ёфтааст.

Вазорати тандурустӣ аз сироят ёфтани 46 нафари дигар ба бемории COVID-19 хабар дод. Ин ниҳод гуфт, то рӯзи 9-уми июл дар Тоҷикистон 6410 нафар ба коронавируси нав сироят ёфта, 79 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Ба иттилои мақомот, коронавируси нав то ин дам дар кишвар 54 қурбонӣ доштааст.

Вале бархеҳо ба рақамҳои расмӣ шубҳа доранд ва омори ғайрирасмиро аз ин бештар медонанд. Вазорати тандурустӣ ба ҷуз аз пахши рақамҳои умумӣ дар бораи гирифторон маълумоти бештар намедиҳад.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҳафтаи чаҳорум аст аз кам шудани беморӣ ва холӣ шудани шифохонаҳо мегӯянд, Узбекистону Қазоқистон дубора аз афзоиши гирифторон ва сахттар шудани чораҳо хабар доданд.

Зимнан дар миёни муҳоҷироне, ки охири ҳафтаи гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда шуданд, 70 нафарашон ба коронавирус сироят ёфтаанд. Тибқи иттилои хабаргузории "Азия-Плюс" 3 нафари бозгашта аз Олмон низ бо нишонаҳои беморӣ бистарӣ ҳастанд.

Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард. То он замон афзоиши беморон дар шифохонаҳо ва марги пайиҳами чанде аз сокинонро ба “илтиҳоби шуш” рабт медоданд.

Марги дипломати турк дар Туркманистон бар асари пневмония

Мақомот дар Туркманистон, ки як кишвари баставу ноозод ба шумор меравад, мегӯянд, ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудаат

Як мақом дар сафорати Туркия дар пойтахти Туркманистон, шаҳри Ашқобод аз пневмония даргузашт. Туркманистон танҳо кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки то ҳол расман ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба коронавирусро ба қайд нагирифтааст.
Вебсайтҳои Turkmen.news ва TRT Avaz media бо такя ба мақомоти номаълум дар сафорати Туркия хабар доданд, ки мушовири масоили динӣ Кемал Учкун шаби 7 ба 8 июл дар як беморхонаи Ашқобод даргузашт. Бар асоси гузоршҳо, Учкун аз январи оли 2018 дар сафорат кор мекард ва рӯзи 27 июн бо дарди шадиди шуш ва сулфаи сангин дар беморхона бистарӣ шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бахши туркманӣ мегӯянд, ки беморхонаҳои Туркманистон пур аз бемор ҳастанд ва аксари онҳо нишонаҳои пневмония доранд. Дар миёни беморон ва инчунин ходимони тиб ҳам ҳодисаҳои марг бар асари пневмония вуҷуд дорад. Дар бархе нуқоти кишвар минтақаҳои ба ном карантин ҷорӣ ва бархе муассисаҳои саноатӣ баста шудаанд.

Бо ин вуҷуд то ҳол мақомоти Туркманистон мегӯянд, ки дар ин кишвар ҳеҷ як ҳодисаи коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Оғози ҳафтаи ҷорӣ ҳайати деринтизори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавонист вориди кишвар шавад, то бо вазъи кишвар ошно шуда дар ҳамкорӣ бо мақомоти Туркманистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳамкорӣ барпо кунад.

Вазири тандурустии Қирғизистон ва муовинаш гирифтори илтиҳоби шуш шуданд

Собирҷон Абдикаримов, вазири тандурустии Қирғизистон гирифтори илтиҳоби шуш шудааст. Аломатҳои шабеҳ ба вабои коронавирус дар ҷисми муовини вазир Нурболот Усенбоев мушоҳида мешавад, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар вазорати тандурустии Қирғизистон.

Собирҷон Абдикаримов ва Нурболот Усенбоев айни ҳол коргоҳ намеоянд.

То ин замон чанде аз вакилони порлумони Қирғизистон мубталои коронавирус шуданд. Раиси пешини порлумони Қирғизистон Чинибой Турсунбеков аз илтиҳоби шуш фавтид. Рӯзи 29-уми июн президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бемористони боздоштгоҳ бо илтиҳоби шуш бистарӣ шуд.

Дар як рӯзи охир дар Қирғизистон 13 ҳолати фавт аз коронавирус ва 44 ҳолати марг аз илтиҳоби шуш сабт шудааст. Шумори умумии гирифторони COVID-19 дар Қирғизистон ба 8486 расидааст. Сар аз 8-уми июл дар Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки омори маргу мир аз илтиҳоб ва коронавирусро якҷоя кунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG