Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони тоҷик дар тамринҳо барои гузашти низомӣ дар Маскав ширкат мекунанд


Вазорати дифои Русия акси омодагии сарбозон ба паради низомиро нашр кард, ки нишон медиҳад тамоми сарбозон ниқоби тиббӣ доранд.
Вазорати дифои Русия акси омодагии сарбозон ба паради низомиро нашр кард, ки нишон медиҳад тамоми сарбозон ниқоби тиббӣ доранд.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи 75 нафараи иборат аз афсарону сарбозони тоҷик дар машқҳои омодагӣ ба паради (гузашти) 75-умин солгарди пирузӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав ширкат карданд. Ин гурӯҳ аз ҳисоби Баталиёни посбони фахрии ситоди генералӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи ҳарбӣ ташкил шудааст.

Дафтари матбуоти вазорат рӯзи 13-уми июн гуфт, ҳайати Тоҷикистон рӯзи 12-уми июн ҷумъа ба Маскав рафтанд. Русия бо назардошти пандемияи коронавирус паради 75-солагии пирузӣ бар Олмони фашистиро, ки рӯзи 9-уми май таҷлил мешавад, 24-уми июн баргузор мекунад.

Мутахассисон ҳушдор додаанд, ки мумкин аст, парад сабаби густариши вирус дар Маскав шавад. Аз ин пештар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили 75-умин солгарди Иди Ғалаба дар шаҳри Маскав ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG