Дар як деҳаи ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон мардеро боздошт карданд, ки дастони ҳамсарашро аз пушт баста ба гарданаш ду чархи резинии пур аз сангро овехта ӯро зери навори видео латукӯб мекард. Марди 51-сола аз ҷониби полиси вилоятӣ бар асоси моддаи “шиканҷа” боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилӣ гуфт, ки ин мард рӯзи 11 июн боздошт ва ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт. Қабл аз он дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие паҳн шуд, ки дар он мард ба сари ҳамсараш об рехта ба рӯяш мезанад. Зани ҷабрдидаи 47-сола дар бораи ин ҳодиса ба полис аризаи шикоятӣ навиштааст. Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки аз оғози соли 2020 дар кишвар 2019 ҳодисаи хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст ва ин 65% бештар назар ба соли гузашта будааст. Соли 2019 дар Қирғизистон беш аз 5 ҳазор ҳодисаи хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шуд ва танҳо дар нисбати 580 ҳодиса таҳқиқи пеш аз додгоҳӣ ҷараён гирифт.