Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 12 август интихоботи сенат баргузор мешавад


Даромадгоҳи порлумони Қазоқистон.
Даромадгоҳи порлумони Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон интихоботи вакилони сенати кишвараш, палатаи болоии порлумонро 12 август таъйин кард.

Дар фармони президент омадааст, ки интихоботи сенат "дар робита ба анҷоми муҳлати ваколати сенат дар моҳи октябри соли 2020" таъйин мешавад.

"Ҳукумат, ҳокимони шаҳрҳои Нурсултон, Алмато ва Чимкент, вилоятҳо вазифадор мешаванд, ки корҳои ташкилӣ, харҷҳои молии баргузории интихоботро таъмин кунанд", - омадааст дар фармон.

Ин дар ҳолест, ки Тоқаев рӯзи 2 май ваколати раиси сенат Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистонро қатъ кард. Назарбоева бештар аз як сол раисии сенати Қазоқистонро бар уҳда дошт. Раиси сенат расман шахси дувуми кишвар ба ҳисоб меравад. Дар сурати марг ва ё истеъфои президент раиси сенат кишварро идора мекунад.

XS
SM
MD
LG