Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммедов маош нагирифтани "буҷавиҳо"-ро эътироф кард


Кормандони муассисаҳои буҷавии Туркманистон чанд моҳ мешавад, ки маош намегиранд. Ин мушкилро президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ маҷбур шуд, эътироф кунад.

"Корхонаи сементбарории Лебап маоши моҳи марти кормандонашро напардохтааст. Корхонаи нафти Семей низ аз моҳи апрел ба ин сӯ маоши кормандонашро надодааст. Дар мактаб, бемористон ва хонаҳои фарҳанг низ маоши моҳи майро нагирифтаанд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама вазъи бад кормандони соҳаи кишоварзӣ доранд, ки аз моҳи январ ба ин сӯ маоши худро дарёфт накардаанд.

Бердимуҳаммадов 5 июн дар ҷаласаи ҳукумат масъалаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ва сари вақт пардохт нашудани маоши кормандонро матраҳ кард. Ӯ хост, масъалаи сари вақт пардохт шудани маоши кормандон бояд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ бошад.

Ба иттилои хабаргузории расмии Туркманистон, Бердимуҳаммадов аз сарвазири ин кишвар хостааст, сабаби таъхир дар пардохти маоши кормандонро омӯзад ва барои ҳалли он чораи қатъӣ биандешад.

XS
SM
MD
LG