Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо Ҷорҷ Флойд дар Ҳюстон


Намоиши сулҳомези эътирозӣ алайҳи нажодпарастӣ дар Вашингтон. 6 июни соли 2020
Намоиши сулҳомези эътирозӣ алайҳи нажодпарастӣ дар Вашингтон. 6 июни соли 2020

Қарор аст рӯзи 8 июн маросиме ба хотири Ҷорҷ Флойд, марди сиёҳпӯсти аз дасти полиси Миннеаполис кушташуда баргузор гардад, ки боиси эътирозҳои сартосарии зидди нажодпарастӣ дар ИМА шуд.

Маросиме дар Ҳюстон чанд соат баъди он баргузор мешавад, ки шӯрои шаҳри Миннеаполис ба пароканда кардани ҳайати полиси шаҳр ва ҷалби кормандони нав иқдом кард ва ин тасмим мояи эътирози шаҳрдорӣ шуд. Раиси полис Арт Асеведо рӯзи 7 июн гуфт, ки ҷасади Флойд ба зодгоҳи ӯ шаҳри Ҳюстон интиқол дода шуд. Қарор аст маросими хушбошӣ бо Флойд шаш соат идома ёбад ва рӯзи 9 июн ӯро дар қабристоне дар канораҳои Пирланд ба хок супоранд.

Номзади эҳтимолии ҳизби демократ дар интихоботи президентӣ ва собиқ муовини президент Ҷо Байден ба Ҳюстон барои изҳори ҳамдардӣ ба аҳли оилаи Флойд сафар мекунад. Флойди 46-сола баъди он даргузашт, ки як ходими сафедпӯсти полиси Миннеаполис ӯро ба замин зер ва бо зонуяш аз пушти гардани ӯ сахт ба замин пахш кард.

Дар баробари эътирозҳои сартосарии зидди нажодпарастӣ дар ИМА ва дигар нуқоти ҷаҳон, марги Флойд суолҳоеро дар заминаи муносибати полис нисбати амрикоиҳои африқоитабор ва вуҷуди эҳсосоти нажодпарастона дар сатҳи сохтории полис эҷод кард. Қарор аст Дерек Чаувин, гумонбари аслӣ дар куштори Флойд рӯзи 8 июн дар додгоҳи Миннеаполис ҳозир шавад.

XS
SM
MD
LG