Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон беш аз 100 мубталои коронавирус ба рӯйхати умумӣ шомил нашуданд


Вилояти Чимкент, Қазоқистон. 29 май, 2020.
Вилояти Чимкент, Қазоқистон. 29 май, 2020.

Дар Қазоқистон беш аз ҳазор нафар, ки натиҷаи ташхисашон барои коронавирус мусбат баромадааст, ба рӯйхати расмии мубталоёни коронавирус дар ин кишвар шомил нашудаанд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон аз 3 июн рӯйхати алоҳидаи онҳоеро нашр мекунад, ки бемориро бидуни нишона паси сар мекунанд ва ҳоло шумори онҳо ба 1044 расидааст.

Дар давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 165 ҳолати нави мубталошавӣ ба вирус ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам ба мубталоёне, ки ҳеч нишонаи бемориро надоранд, дахл намекунад.

Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯяд, нашри рӯйхати мубталоёни бидуни нишонаҳои беморӣ ба муайян кардани вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин ниҳод гуфтанд, дар беш аз 60 дарсади ҳолатҳое, ки ҳамарӯза ошкор мешаванд, мубталоён ягон нишонаи бемориро надоранд.

Бар асоси омори расмӣ, дар ин кишвар аз коронавирус 53 кас фавтидааст. Вале шумори фавтидаҳое, ки натиҷаи ташхиси вирусашон мусбат баромада буд, бештар аст.

Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов 4 июн гуфт, 37 шаҳрванди мубталои коронавирус бар асари бемориҳои дигар ҷон бохтанд. Ин ҳарфҳои вазир баъди он баён шуданд, ки бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо нашри як гузориш гуфт, шумори фавтидаҳо дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон ва Чимкент аз коронавирус назар ба омори расмӣ бештар аст.

XS
SM
MD
LG