Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуфаттоҳ Сисӣ "ташаббуси сулҳ" барои Либияро эълом кард


Абдуфаттоҳ Сисӣ
Абдуфаттоҳ Сисӣ

Сисӣ "ташаббуси сулҳ" барои Либияро эълом кард

Абдуфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳурии Миср, "ташаббуси сулҳ" барои Либияро эълом кард. Вай рӯзи 6-уми июн дар Қоҳира гуфт, "мехоҳам хотирнишон созам, ин ибтикор бо эъломи оташбас, ки аз соати чаҳори субҳи 8-уми июн шуруъ мешавад, хостори эҳтиром ба ҳамаи талошҳо ва иқдомоти байнулмилалӣ ва Созмони Милали Муттаҳид аст. Ҳамчунон бояд тамоми ҷангҷӯёни хориҷӣ аз қаламрави Либия хориҷ шуда, ниманизомиён халъи силоҳ шаванд." Либия пас аз суқут ва кушта шудани раҳбари пешинааш Муаммар Қаззофӣ дучори буҳрону хушунатҳо шуд. Ҳукумати Либия, ки дар шаҳри Троблус ё Триполи мустақар аст, аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ба расмият шинохта шудааст ва Туркияву Қатар аз он пуштибонӣ мекунанд. Нирӯҳои зери раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар аз ҳимояти Имороти Муттаҳидаи Араб ва Мисру Русия бархӯрдоранд.

XS
SM
MD
LG