Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, агар Венесуэла хоҳад, интиқоли нафтро идома медиҳад


Бовар меравад, ки панҷ нафткаши эронӣ ба Венесуэла бо арзиши 45,5 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ интиқол доданд
Бовар меравад, ки панҷ нафткаши эронӣ ба Венесуэла бо арзиши 45,5 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ интиқол доданд

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Аббос Мусавӣ гуфт, ки дар сурати дарёфти дархостҳои Венесуэла барои интиқоли бештари маводи сӯхт ба ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ, омода аст ҳамкорӣ кунад. Ҳам Эрон ва ҳам Венесуэла дар заминаи додугурифтҳои нафтӣ таҳти таҳримҳои ИМА қарор доранд. Дар нишасти хабарии рӯзи 1 июн, ки дар як пахши зиндаи телевизионӣ намоиш дода шуд, Мусавӣ гуфт, ки “Эрон аз ҳуқуқаш дар заминаи тиҷорати озод бо Венесуэла истифода карда омода аст дар сурати дарёфти дархости Каракас захираҳои бештарро ба ин кишвар интиқол диҳад”. Дар ҳафтаҳои гузашта Эрон ба Венесуэла панҷ киштии ҳомили маводи сӯхтро интиқол дод. Венесуэла дар умқи бӯҳрони иқтисодӣ аз камбуди ин мавод азият мешавад.
ИМА ҳукуматҳо, бандарҳои баҳрӣ, ширкатҳои таъминкунандаву бимаро ҳушдор дод, ки дар сурати кӯмак карданашон ба нафткашҳои эронӣ онҳоро муҷозот мекунад. То кунун чор нафткаш ба обҳои Венесуэла ворид шуда, ба иттилои ширкати таҳлилии Refinitiv Eikon, ду ададаш аллакай дар роҳ ба Эрон қарор доранд. Баъди соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шудани ИМА бо як қарори президент Доналд Трамп, равобити миёни ИМА ва Эрон пуртаниш боқӣ мемонад. Ин созиш соли 2015 миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо шуд, вале Трамп гуфт, ки Эрон фаъолиятҳояш дар заминаи пуштибонӣ аз гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Ховари Миёнаро идома дода, вазъи амниятии минтақаро халалдор мекунад. Эрон ин иттиҳомотро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG