Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши нави ДНС-ҳои амрикоӣ ба Русия ирсол мешаванд


Дастгоҳи нафаскашии сунъии Hamilton-C2 дар як беморхонаи Маскав
Дастгоҳи нафаскашии сунъии Hamilton-C2 дар як беморхонаи Маскав

Ҳукумати ИМА ба унвони як иқдоми ҳусни ният ба Маскав барои бори дуюм Дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ (ДНС) ирсол мекунад, ки барои кӯмак дар мубориза бо коронавирус дар Русия нигаронида шудааст, вале ин тасмим мавриди суоли мунаққидони президент Доналд Трамп қарор гирифт. Сухангӯи ширкати Vyaire Medical дар Чикаго дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 30 май 150 адад ДНС ба Маскав ирсол мешавад. Патрик Оконнор гуфт, ки қаблан дар моҳи май тавассути USAID ба Русия 50 чунин дастгоҳ ирсол шуда буд. Сухангӯ аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард, аз ҷумла, маълум нест, ки оё арзиши ин дастгоҳҳо ва харҷи роҳи онҳо чанд аст. 50 адад ДНС, ки рӯзи 21 май ба Русия ирсол шуд, аз ҷониби сафорати ИМА дар Маскав ҳамчун “ёрии башардӯстона” арзёбӣ шудааст. Он замон мақомот гуфтанд, ки қимати куллии 200 вентилятор тахминан 5,6 миллион доллар мешавад ва ИМА “харҷи 100-дарсадии нарху интиқол ва васоили аввалияро” пӯшиш медиҳад. Русия ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардааст. Русия рӯзи 29 май дуюмин кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати шумори олудашудаҳо ба коронавирус буд ва дар ин кишвар дар робита бо дурустии иттилои расмӣ дар бораи ҳалокати инсонҳо бар асари COVID-19 шубҳаҳо баён мешавад.

XS
SM
MD
LG