Парлумони Чин қонуни амнияти миллӣ дар Ҳонгконгро қабул кард ва ин иқдом боиси аз нав ба кӯчаҳои шаҳр рехтани эътирозгарон шуд. Конгресси миллии мардумӣ рӯзи 28 май дар ҷаласаи парлумонӣ тарҳи қонунро қабул кард. Маҷлис дар Чин бештар хусусияти расмӣ дорад ва ҳар он чиро, ки раҳбарияти ҳизби ҳокими коммунист мегӯяд, иҷро мекунад. Қонуни нав бо вуҷуди эътирозҳои чандинмоҳаи нирӯҳои демократии Ҳонгконг, ки як қаламрави дорои мақоми махсус аст, қабул шуда, хиёнат, сарнагуншавӣ, ошӯб ва мудохилаи хориҷиро манъ мекунад. Инчунин қонуни нав ба Пекин иҷоза медиҳад, ки барои саркӯби эътирозҳо сохторҳои вижаи қудратӣ ба Ҳонгконг ворид шаванд. Ин таҳаввулот эътирозҳои серҷамъияти мардумиро ба бор овард.
Ин иқдоми Пекин котиби давлатии ИМА Майк Помпеоро водор кард, ки ба Конгресс бигӯяд Кохи сафед дигар Ҳонгконгро минтақаи дорои мухторияти махсус арзёбӣ намекунад ва ба ҳамин хотир ин маркази тиҷоратӣ бар асоси қонунгузории ИМА дигар наметавонад мақоми минтақаи дорои низоми махсус дониста шавад.