Собиқ раҳбари минтақаи Чувашия Михаил Игнатев, ки аз болои президент Владимир Путин ба додгоҳ шикоят кард, бо нишонаҳои пневмонияи дутарафа ва осеби амиқи шуш дар беморхона бистарӣ шудааст. Ӯ дар як бемористони шаҳри Санкт-Петербург аст ва ба дастгоҳи хунгузаронии сунъӣ пайваст аст. Дар ин замина нашрияи “Коммерсант” хабар дода гуфтааст, ки Игнатев дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Вебсайти Mash мегӯяд, ки мақомдори собиқ аз аввали май дар беморхона қарор дорад.
Игнатеви 58-сола аз соли 2010 то январи соли 2020 раҳбари Чувашия буд. Моҳи январ Путин ӯро бо тавзеҳи расмии “аз даст додани эътимод” аз мақомаш барканор кард ва дирӯз маълум шуд, ки ӯ аз болои ин қарор ба додгоҳ шикоят кардааст.
Игнатев аввалин раҳбари як минтақа дар таърихи Русия аст, ки қарори барканориашро тавассути додгоҳ ба чолиш мекашад. Қарор аст мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин даъво дар Додгоҳи Олии Русия 30 июн баргузор шавад. Феълан маълум нест, ки оё мурофиа бо сабаби бемор будани даъвогар ба таъхир гузошта мешавад ё на.