Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Афғонистон 900 маҳбуси Толибонро раҳо мекунад


Зиндониёни Толибон аз маҳбасҳои ҳукумати Афғонистон раҳо шуданд.
Зиндониёни Толибон аз маҳбасҳои ҳукумати Афғонистон раҳо шуданд.

Дар ҳоле, ки оташбаси серӯзаи Толибон вориди рӯзи ахири худ мешавад, ҳукумати Афғонистон дар назар дорад, ки рӯзи 26-уми май беш аз 900 зиндонии ин гурӯҳро озод кунад.

Ин оташбас аз рӯзи аввали Иди Фитр - 24 май ба ҳолати иҷро даромад ва ба гуфтаи мақомот, дар бештари манотиқи ин кишвар риоя шуд. Ҳукумат дар посух ба эълони оташбаси серӯзаи Толибон посух дод, ки дар назар дорад 2000 ҷангҷӯи ин гурӯҳро аз маҳбас раҳо мекунад.

"Тасмим аст, ки имрӯз 900 зиндонӣ озод шаванд",-гуфт сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҷовид Файсал рӯзи 26-уми май.

Агар имрӯз раҳоии 900 зиндонии Толибон сурат бигирад, ин бузургтарин шумораи маҳбусони гурӯҳи Толибон мебошад, ки аз зиндонҳои Афғонистон озод мешаванд. Рӯзи 25-уми май мақомоти Афғонистон 100 маҳбуси Толибонро аз зиндон раҳо карданд. Ин маҳбусони Толибон аз зиндони Багром, воқеъ дар шимоли Кобул, раҳо шуданд.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҷовид Файсал афзуд, "ин иқдом ба хотири ҳусни ният ва дар посух ба эъломи оташбаси аз сӯи гурӯҳи Толибон сурат мегирад ва барои оғози ҳарчӣ зудтари гуфтугӯҳои мустақим бо ин гурӯҳи мусаллаҳ".

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Амрико ва Толибон созишномаеро, ки ҳадафи он поён додани ҳузури низомии дарозмуддати ИМА дар Афғонистон мебошад, имзо карданд. Бар асоси ин созишнома, нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун мешаванд ва Толибон ҳам замонат медиҳанд, ки аз хоки ин кишвар ба манофеи Амрико таҳдиде сурат намегирад.

Тибқи ин созиш, ҳукумати Афғонистон бояд 5000 зиндонии гурӯҳи Толибонро раҳо кунад ва Толибон ҳам 1000 боздоштшудаи ҳукуматро озод намоянд.

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, то кунун Толибон 265 зиндонии ҷониби ҳукуматро раҳо кардаанд, ки ба гуфтаи ин Шӯро дар миёни онҳо низомиён, кормандони идораҳои давлатӣ ва мардуми оддӣ ҳастанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки ҳукуматаш ба ҳадафи поён додани ҷанги наздик ба бистсола, омода аст бо Толибон сари мизи гуфтугӯ биншинад.

XS
SM
MD
LG