Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масири нави интиқоли бор миёни Туркия ва Қирғизистон


Марзи Қирғизистон ва Узбекистон дар Андиҷон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Қирғизистон ва Узбекистон дар Андиҷон. Акс аз бойгонӣ.

Байни Туркия ва Қирғизистон масири нави рафту омади мошинҳои борбар ва қатора боз шуд. Ин масир аз ҳудуди Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия мегузарад ва Қазоқистонро канор мегузорад.

Дар ин бора Талантбек Маткерим уулу, раиси Палатаи савдо ва саноати Қирғизистон хабар дод. Вай афзуд, гуфтугӯҳои таъсиси ин масир бештар аз ду сол давом кардааст.

"Барои амалисозии ин тарҳ вақт ва маблағи зиёде харҷ шудааст. Чанде пеш 40 контейнер аз ин масир расид ва расидани 60 контейнери дигар дар назар аст. Се контейнери аввал бо мушкиливу монеа оварда шуд, қариб ду моҳ вақт гирифт. 37 контейнери баъдӣ дар давоми қариб ду ҳафта расид. Шарикони туркӣ борро дар қатора мегузоранд, қатора онро тавассути ҳудуди Гурҷистон ба Озарбойҷон мерасонад. Баҳри Каспийро бор бо киштӣ мегузарад ва дубора ба қатора бор карда шуда, тавассути ҳудуди Туркманистону Узбекистон ба шаҳри Ӯши Қирғизистон мерасад", - гуфт Талантбек Маткерим уулу.

Ба гуфтаи вай, дар шароити паҳншавии COVID-19, ки сарҳадҳои аксари кишварҳо баста аст, ин масир хеле мувофиқ аст.

То ин замон интиқоли бор байни Қирғизистону Туркия тавассути сарҳади Қазоқистон сурат мегирифт. Аз Туркия ба Қирғизистон асосан маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, матоъ ва таҷҳизоти тиббӣ ворид мешавад.

Бино ба омори соли 2019, доду гирифти тиҷоратӣ миёни ду кишвар 426 миллион долларро ташкил додааст. Мақомоти кишварҳои тасмим доранд, ин доду гирифтро ба 1 млрд доллар расонанд.

XS
SM
MD
LG