Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паи саркӯби эътирозгарони Ҳонгконг ИМА бо таҳрим таҳдид кард


Эътироз дар Ҳонгконг алайҳи ҷорӣ шудани қонуни вижаи амниятӣ. 24 май
Эътироз дар Ҳонгконг алайҳи ҷорӣ шудани қонуни вижаи амниятӣ. 24 май

Мушовири аршади амниятии президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 24 май Пекинро ҳушдор дод, ки дар сурати “амалан ғасб шудани Ҳонгконг” дар ин минтақаи дорои мақоми вижаи чинӣ, эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳрим вуҷуд дорад. Ахиран полиси Ҳонгконг барои пароканда кардани ҳазорҳо эътирозгар аз гази ашковар ва лӯлаҳои об истифода кард. Ин мардум ба нишони норизоият аз нақшаи Чин барои ҷорӣ кардани қонуни амнияти миллӣ дар шаҳр даст ба эътироз заданд.
Каме баъдтар полис дар Фейсбук навишт, ки 180 эътирозгарро барои ширкат дар намоиши ғайримуҷоз дастгир кардааст.
Пекин рӯзи 21 май пешниҳод кард, ки дар Ҳонгконг қонуни амнияти миллӣ ҷорӣ шавад ва сохторҳои интизомӣ ба Ҳонгконг ворид шаванд, вале ин иқдом дар амал метавонад ба мақоми вижаи ҳуқуқии Ҳонгконг зарба зада ихтилофҳои Чину ИМА-ро амиқтар кунад.
Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки қонуни мазкур “мисли ноқуси марг ба мақоми мухторияти васее, ки Пекин ба Ҳонгконг ваъда додааст, хоҳад буд”. Роберт Обраян, мушовири аршади амниятии ИМА рӯзи 24 май гуфт, “чунин ба назар мерасад, ки ин қонуни амнияти миллӣ агар иҷро шавад, амалан ба хотири таҳти назорат гирифтани Ҳонгконг қабул шудааст”. Ӯ афзуд, ки агар чунин шуд, болои мақомоти Ҳонгконг ва Чин таҳрим ҷорӣ мешавад. Нақшаҳои Чин бо ин ки аз ҷониби мақомоти шаҳр ҳимоят мешаванд, мавриди нигаронии бозорҳои молӣ ва ҳукуматҳои хориҷиву гурӯҳҳои ҳуқуқи башар шуд. Вале вазири хориҷаи Чин Ванг Йӣ пойфишорӣ дорад, ки қонуни нав бетаъхир ба иҷро дарояд.

XS
SM
MD
LG