Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Turkish Airlines мусофирони дармондаи тоҷикро аз Истанбул ба Душанбе меорад


Қарор аст, як ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines дар парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз Истанбул ба Душанбе оварда, дар роҳи бозгашт сад шаҳрванди Туркияро бибарад.

Акрам Маҳмудов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи ду моҳ боз дар Истанбул дармондааст, 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад, парвоз рӯзи ҷумъа сурат гирад.

Вай гуфт, "ҳоло аз мо хостанд, ки замони билетҳои худро иваз кунем ва омодаи парвоз бошем." Ҳамсуҳбати мо гуфт, онҳо дар моҳи март барои бозгашт ба Тоҷикистон аз ширкати Turkish Airlines билет харида буданд, вале ба сабаби қатъи парвозҳо натавонистанд онро истифода кунанд.

Як рӯз пеш Адиба Раҳимова, соҳибкорзани тоҷик дар Истанбул, гуфта буд, ки ба ҳисоби онҳо "то 300 кас мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд".

Ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, шаҳрвандонеро, ки ба сабаби густариши коронавирус дар хориҷа дармондаанд, марҳила ба марҳила ба ватан меорад. Аммо мақомот мегӯянд, ҷараёни бозгардондани шаҳрвандон "ба фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин" вобаста хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG