Дар вилояти Лебапи Туркманистон маҳдудиятҳои равуои сокинон сахттар шудааст.
"Аз шаҳри Туркманобод берун шудани сокинонро якбора маҳдуд карданд. Танҳо ба кор ва ё ҷаласа рафтан иҷозат аст. Барои равуо кардан бояд аз пулис рухсатнома гирифт", - хабар дод як сокини Туркманистон.
Аз 15 май ҳукумати Туркманистон минтақаҳои аҳолинишинро ба инзиво гирифта, пешниҳод кард, ки истироҳати тобистона дар минтақаи истироҳатии "Овоза" манъ карда шавад.
Гуфта мешавад, аз 1 июн минтақаи шарқии кишвар - вилояти Лебап ба карантин гирифта хоҳад шуд.
Фаъолшавии мубориза зидди вируси корона дар Туркманистон дар ҳолест, ки интизор меравад, ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ояндаи наздик вориди ин кишвар шавад.