Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Фитр дар Тоҷикистон 24 май аст, вале бе намози дастҷамъӣ


Шӯрои уламо қарор кард, ки Иди Рамазон ё Фитр дар Тоҷикистон 24-уми май фаро мерасад, аммо ба фарқ аз солҳои гузашта намози ид ва идгардак баргузор намегардад. Мақомот аз сокинон хостаанд, идро дар хона бо аъзои оила ҷашн гиранд. Ин тасмим ба густариши коронавируси нав дар Тоҷикистон рабт дорад, ки дар бист рӯзи ахир ба тақрибан ду ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги 41 нафар шудааст.

Пештар бархе аз сокинон пешниҳод карда буданд, ки намози имсолаи идро онлайн ва ба воситаи телевизионҳо хонанд, вале масъулони Шӯрои уламо рӯзи 18-уми май гуфтанд, "ин ба талаботи мазҳаби Имоми Аъзам рост намеояд."

Бар асоси як қарори Шӯрои уламо, ки дар оғози моҳи Рамазон қабул шуд, инчунин намозҳои ҷамоат, таровеҳ, ифтор ва идгардак ҳам манъ аст. Ҳарчанд бархе сокинон мегӯянд, танзими маросими идгардак номумкин аст.

Иди Фитр ба як моҳи рӯзадории мардуми мусалмон поён мебахшад. Дар он рӯз сокинон баъди намози ид ба зиёрати оромгоҳҳо ва ё аёдати беморон ва хешу таборон мераванд. Чизе, ки имсол ба сабаби густариши коронавирус иҷрояш маҳдуд ва ё ғайримумкин аст.

XS
SM
MD
LG