Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков хостори транзити озоди бор аз Аврупо ба Қирғизистон шуд


Дар ҷараёни ҷаласаи видеоии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки рӯзи 19-уми май баргузор шуд, президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба таваҷҷуҳ ба масъалаи бардоштани монеаҳои дар дохили гумруки ИИАО даъват кард.

"Мо барои таъсиси "долони сабз" ба созиш расида будем, ки интиқоли маҳсулоти ниёзи аввалро дар бар мегирифт. Сарфи назар аз ин, бархе аз кишварҳои узви ИИАО назоратро сахттар карда, монеи воридшавии маҳсулот мегарданд", - гуфт Ҷеенбеков.

"Ҷеенбеков афзуд, ки механизмҳои мавҷуда дар амри бардоштани монеаҳо нокофианд. Қарори Комисия дар бораи барканор кардани монеаҳои бархе аз кишварҳои узв дар сатҳи зарурӣ амал намекунад. Ҷеенебеков ҳамзамон пешинҳод кард, ки ба Коллегияи ИИАО ҳаққи муроҷиат кардан ба додгоҳ дода шавад ва кишварҳое, ки монеа эҷод мекунанд, ҷарима шаванд", - хабар медиҳад маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Ҷеенбеков ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки имкони таъмини транзити бор аз Аврупову Украина ба Қирғизистон баррасӣ шавад.

Қирғизистону Қазоқистон ҳар чанд аз гоҳе сари равуои мошинҳои борбар низоъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG