Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба СҶТ барои ислоҳи камбудиҳо 30 рӯз вақт дод


Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, дар сурате агар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) уҳдадор нашавад, ки давоми 30 рӯзи оянда фаъолияташро беҳ мекунад, вай маблағгузории созмони мазкурро кам хоҳад кард.

Трамп гуфт, дар сурати ғайр вай узвияти кишварашро дар СҶТ бозбинӣ ва сармоягузорӣ ба созмонро муваққатан қатъ хоҳад кард. Президенти ИМА ин хабаррро дар твиттер нашр кард.

Ба гуфтаи вай, роҳи ягона барои СҶТ - ин ба намоиш гузоштани мустақилӣ аз Чин аст. Трамп пештар СҶТ-ро "лухтак"-и Чин унвон карда буд.

Дар Вашингтон бар ин назаранд ки Пекин миқёси воқеӣ ва рушди ваборо пинҳон кардааст. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, роҳбарияти СҶТ бидуни санаду далел ба омори Пекин эътимод карда ва натавонистааст, ки хатари воқеии вируси коронаро баҳо диҳад. Дар натиҷа танҳо миёнаҳои моҳи март, дар ҳоле ки уфуни вируси корона боиси марги ҳазор кас шуд, онро вабои ҳамагир унвон карданд.

Иттиҳоди Аврупо ва Австралия ҳам ба пажуҳиши дақиқи манбаи пайдоиши вируси корона даъват доранд. Аз ин даъват 122 кишвар, аз ҷумла Бритониё ва Русия ҳам ҷонибдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG