Дар нимҷазираи аз ҷониби Русия ишғолшудаи Қрим ва дар Украина рӯзи 18 май бузургдошти хотири қурбониёни ихроҷи тоторҳои Қрим дар соли 1944 баргузор шуд. Дар Киев ва чанд шаҳри дигар маросимҳои мотам барпо шуд. Инчунин шурӯъ аз дирӯз дар Украина ҳафтаи ҳамраъйӣ бо мардуми тоторҳои Қрим оғоз мешавад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам флешмоб ё маъракаҳои иттилоотии худро роҳандозӣ кардаанд.
Дар шаҳри ишғолшудаи Севастопол шаҳрдор Михаил Развозжаев дар назди ҳайкали ёдгории ихроҷшудаҳои Қрим гулчанбар гузошт. Маросимҳои бузургдошт дар Симферопол ҳам барпо шуд.
Дар додгоҳии шаҳри Ростови лаби Дон тоторҳои Қрим, ки дар узвияти созмони мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир муттаҳам мешаванд, дар поёни мурофиаи рӯзи 18 май навиштаҷотеро имзо карданд, ки мегӯяд, “Ихроҷи 18.05.1944. Мо фаромӯш накардаем” ва “Озодӣ ба зиндониҳои Кремлин”.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар муроҷиаташ ба мардум изҳори умедворӣ кард, ки Қрими ишғолшуда зери назари Киев бармегардад. Сафири ИМА дар Украина Кристина Квин аз Русия даъват кард, ки назорати пурра бар нимҷазираро баргардонад. Дипломати амрикоӣ гуфт, ки ишғоли Қримро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунад. Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо гуфта шуд, ки баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014 ҳуқуқи тоторҳои Қрим ҷиддан нақз мешавад.
Соли 1944 баъди озод кардани Қрим аз нозиҳои фашистӣ бо қарори раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин дар маҷмӯъ тахминан 200 ҳазор тоторҳои Қрим ихроҷ шуданд. Дар шарҳи расмии ин қарор он замон гуфта шуд, ки тоторҳои Қрим дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо фашистҳо ҳамкорӣ кардаанд.
Президенти Русия Владимир Путин баъди ишғоли Қрим дар шаш соли пеш қарори реабилитатсия ё сафедкунии мардуми дар замони сталинӣ азиятшудаи Қримро имзо кард. Вале дар нимҷазира таъқиби тоторҳои Қрим афзоиш ёфт. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, далелаш ин аст, ки Маҷлиси тоторҳои Қрим зидди ишғоли нимҷазираи украинӣ аз ҷониби русҳо баромад кардааст. Ишғоли Қримро Киев ва Ғарб маҳкум ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд. Маскав мегӯяд, ки “адолати таърихӣ барқарор шуд”.