Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯи қазоқистониеро дар Австрия 12 сол зиндонӣ карданд


Ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ
Ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ

Магомед Арчаков, қазоқистоние, ки дар Сурия ҷангида аст, бо айби содир кардани ҷиноятҳои марбут ба терроризм дар Австрия 12 сол зиндонӣ шуд. Мақомоти Қазоқистон дархости истирдоди ӯро карданд, аммо ҷавоби рад гирифтанд.

Магомед Арчаков ним сол аст, ки адои ҷазо мекунад. Вай ҳанӯз дар моҳи июни соли 2019 ба додгоҳ кашида шуда буд.

Арчаков то пайвастанаш ба сафи ҷангҷӯҳо дар Темиртауи Қазоқистон истиқомат мекард. Сокинони Темиртау аз ӯ ба унвони "ҷавони одӣ" ёд мекунанд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, ки Арчаков соли 2013 ба ҷанги Сурия таваҷҷуҳ зоҳир карда, тавассути Маскав ва Истамбул ба Шарқи Наздик рафтааст.

Ҷониби айбдоркунанда дар додгоҳи Австрия гуфтааст, ки Арчаков аз моҳи августи соли 2013 то ноябри соли 2015 чанд маротиба ба Сурия равуо дошта ва ба ҳайси ҷангҷӯи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" зидди артиши президенти Сурия Башор Асад ҷангидааст. Вай дар соли 2014 ҷароҳат бардошта, тавассути Украина ба Австрия фирор кардааст.

Сар аз соли 2015 то замони боздошташ Арчаков бо ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ҳамроҳ бо хонаводааш дар Австрия зиндагӣ ва кӯмакҳои иҷтимоӣ дарёфт кардааст. Арчаков ҷое кор накарда, аз мақомоти Австрия дархости паноҳандагӣ кардааст.

Расонаҳои Австрия ҳукми 12 соли зиндони ӯро "хеле сабук" ва "камтарин ҳадди ҷазо" унвон карданд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, то кунун бештар аз 100 шаҳрванди ин кишвар дар минтақаҳои таҳти нуфузи ҷангҷӯён дар Сурия қарор доранд.

XS
SM
MD
LG