Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги рӯзноманигори қазоқистонӣ Бейсен Куранбек


Бейсен Куранбек
Бейсен Куранбек

Бейсен Куранбек, рӯзноманигори 49-солаи Қазоқистон субҳи 18-уми май, баъди бемории вазнин вафот кард. Дар ин бора расонаҳои маҳалли Қазоқистон хабар доданд.

Куранбек 9-уми декабри соли 1971 дар вилояти Алматои Қазоқистон таваллуд шудааст. Вай Донишгоҳи миллии Қазоқистон бо номи Ал-Форобиро хатм карда, дар нашрияи "Спорт", телевизионҳои "Рахат", "Шабакаи 31", "Хабар"-и Қазоқистон кор кардааст.

Солҳои 2013-2017 барномаи тафреҳиеро дар телевизиони "Қазоқистон" мудирият мекард. Дар барномаҳои вай мушкилоти иҷтимоии сокинон баррасӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG