Дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарёи Узбекистон баъди ҷанҷоли маишӣ як мард худ ва падари 80-солаашро оташ зад. Ҳар ду дар ҷои ҳодиса ҳалок карданд.
Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки соати 14:30 дақиқаи рӯзи 17-уми май марди соли таваллудаш 1974 бо падари 80-солааш баҳс кардааст.
"Дар натиҷаи баҳс вай ба сару рӯи худ ва падараш бензин пошида, оташ задааст. Падару писар аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд", - хабар медиҳад додситонӣ.
Додситонии шаҳрии Қаршӣ дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "куштори барқасдона" парванда боз кардааст.