Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Черногория рӯҳониёни сербро аз боздошт раҳо карданд


Ҳамаи рӯҳониён шоми 15-уми май раҳо шуданд.
Ҳамаи рӯҳониён шоми 15-уми май раҳо шуданд.

Додситоне дар Черногория амр дод, то 9 рӯҳонии Калисои Православии Сербҳоро аз боздошт раҳо кунанд. Дастгир кардани рӯҳониён сабаби ҷанҷоли дипломатӣ байни Черногория ва Сербистон ва тазоҳуроти олуда ба хушунат дар Черногория шуд. Рӯҳониёни Калисои Православии Сербҳо рӯзи 12-уми май ва барои он дастгир шуданд, ки бо вуҷуди манъи ҷамъомадҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав дар шаҳри Никсич як маросими бузурги мазҳабӣ доир карданд.

Боздошт сабаби авҷ гирифтани таниш байни ҳукумат ва Калисои Православии Сербҳо шуд, чун пештар ҳукумати Черногория қонунеро дар бораи дин қабул кард, ки ба гуфтаи рӯҳониёни серб мумкин аст, калисои онҳоро аз моликияташ дар кишвар маҳрум кунад.

Садҳо нафар рӯзи 15-уми май дар назди додгоҳи Никсич ҷамъ омаданд ва 9 рӯҳониро бо фарёду хушҳолӣ пешвоз гирифтанд. Баъди боздошти рӯҳониён дар шаҳри Никсич ва чанд шаҳри дигари Черногория тазоҳурот сурат гирифт ва ба бархӯрд бо маъмурони пулис печид. Чанд маъмури пулис захм бардоштанд ва чандин тазоҳургарро ҳам дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG