Вазорати адлия ва Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, дороиҳои Гулнора Каримова, духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримоваро дар ҳаҷми 10 миллион доллар аз Фаронса баргардонидаанд.
"Ин дороиҳо ба буҷаи давлатии Узбекистон ворид шуда ва бар асоси тартиботи умумӣ харҷ хоҳанд шуд", - иттилоъ дод Вазорати адлияи он кишвар.
Ин мақомот ҳамзамон гуфтанд, ки талоши баргардонии дороиҳои дигари Каримоваро аз Швейтсария, ИМА, Фаронса, Русия ва дигар кишварҳо доранд. Сухан аз дороиҳои Гулнора Каримова дар ҳаҷми бештар аз 1,3 миллиард доллар меравад.
Вазорати адлияи Узбекистон гуфт, ки дороиҳои мазкур дар ихтиёри Каримова ва ё аъзои хонаводааш қарор надоранд, зеро мақомоти кишварҳои хориҷӣ дороиҳоро ба ҳабс гирифтаанд.
Баъди марги президент Ислом Каримов дар соли 2016 Гулнора Каримоваро дар Узбекистон 10 сол зиндонӣ карданд. Вай дар саркашӣ аз пардохти андоз, ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳвсозии ҳуҷҷатҳои ширкатҳои офшорӣ айбдор мешавад.