Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар ҷаҳон аз 300 ҳазор гузашт


Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, шумори фавтидагон аз коронавирус дар дунё аз 300 ҳазор гузашт. Беш аз чаҳор миллион одам ба вируси мазкур мубтало шуда, 1 миллиону 700 кас шифо ёфтаанд.

Шумори мубталоён аз ҳама бештар дар ИМА ошкор шудааст. Дар ин кишвар 1 миллиону 400 ҳазор ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 85 ҳазор одам ҷон бохтаанд.

Аз нигоҳи шумори мубталоён Русия дар мақоми дувум аст. Ба иттилои расмӣ, дар Русия зиёда аз 250 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба вирус ошкор шуда, беш аз 2 ҳазор одам ҷон додаанд.

Дар мақоми севум Бритониё аст. Беш аз 230 ҳазор шаҳрванди ин кишвар гирифтори коронавирус гашта, зиёда аз 33,5 ҳазор кас фавтидаанд.

The Financial Times ва The New York Times ахиран бо истифода аз омори расмии Русия, шумори воқеии фавтидагон дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербургро нашр карданд, ки 70 дарсад бештар аз шумори расмии мубталоён аст. Вазорати умури хориҷии Русия нашри раддияи хабарро талаб карда, Роскомнадзор гуфт, матлаби расонаҳоро ҳамчун паҳн кардани хабари дуруғ меомӯзад.

Навъи нави коронавирус охирҳои соли 2019 дар Чин ошкор ва тадриҷан ба кишварҳои дигар паҳн шуд. ИМА Чинро ба он айбдор мекунад, ки дар бораи беморӣ сари вақт хабар надод. Вале Пекин ҳамаи иттиҳомотро рад менамояд.

XS
SM
MD
LG